8 зодаи Тоҷикистон ба гумони иртибот бо ДОИШ дар Амрико боздошт шудаанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико 8 зодаи Тоҷикистонро бо гумони иртибот бо ДОИШ* дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Филаделфия боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории NBC News аз қавли чанд манбаъи худ хабар додааст.

Як мақомдори амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дастикам ду нафар аз ин афрод баҳори соли 2023 вориди Амрико шудаанд ва як нафари дигар дар чаҳорчӯби барномаи давлатӣ барои паноҳҷӯён ба Амрико рафтааст.

Бар асоси гузоришҳо, гумонбарон собиқаи ҷиноӣ надоштаанд, вале пас аз дарёфти гузоришҳо дар бораи хатари эҳтимолии террористӣ аз Осиёи Марказӣ ҳамаи онҳо таҳти назорати Бюрои федеролии тафтишоти Агентии иктишофии дохилӣ ва мақомоти федералии ҳифзи ҳуқуқи ИМА (FBI) буданд.

Як мақоми аршади давлатӣ дар сӯҳбат бо “NBC News” тасдиқ кардааст, ки FBI чанд моҳ ин гурӯҳро таъқиб карда, фаъолият ва рафтуомадҳои онҳоро зери назорат гирифтааст. Онҳоро Идораи муҳоҷират ИМА (ICE) боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин идора нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳоло расман онҳо ба терроризм айбдор намешаванд. Вале бо ин вуҷуд FBI  Идораи муҳоҷирати ИМА-ро огоҳ кардааст, ки онҳо барои иртиботи эҳтимолӣ бо ДОИШ ба ҳабс гирифта шаванд.

Манбаъҳои “NBC News” гуфтаанд, ки дар доираи ин амалиёт ҳамчунин, як зодаи Ӯзбекистон ҳам дар Балтимор бо гумони пайвандӣ бо ДОИШ дастгир шудааст.

Дар як изҳороти муштараки Департаменти амнияти миллӣ ва FBI, ки рӯзи 11-уми июн нашр шуд, тасдиқ кардаанд, ки дар рӯзҳои охир ICE дар ҳамоҳангӣ бо FBI чанд нафар муҳоҷирро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи манбаи CNN, “тафтишот ба ин хулоса нарасидааст, ки ин ҳашт нафар дар хориҷа омӯзиш дидаанд ё бо барномарезие ба ИМА фиристода шудаанд, то амалиётеро ба роҳ монанд, аммо ақидаҳои ифротгароии онҳо нигаронкунанда будааст”.

Гуфта мешавад, айни замон мақомот ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Амрико талош доранд, чун барои исботи гуноҳи онҳо дар терроризм далелҳои кофӣ дар даст нест.

Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзи Мексика вориди Амрико мешаванд. Вале ахиран мақомоти ИМА вуруди муҳоҷирон ба ин кишварро сахттар карданд.

Аз ҷумла, рӯзи 10-уми июн хабар расид, ки марзбонони иёлат (штат)-и Калифорнияи ИМА дастур гирифтаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Гурҷистон ва Молдова, ки тавассути гузаргоҳи Сан-Диего вориди ин кишвар мешаванд, фавран ихроҷ кунанд.

Ин бори нахуст нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар хориҷи кишвар боздошт мешаванд. Аввали моҳи апрел Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд.

Як ҳафта пас, пулиси Италия дар шаҳри Рум як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро бо гумони терроризм ва узвият ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ боздошт карданд.

Ин вазъ мақомоти Тоҷикистон ва роҳбарияти кишварро ҳам нигарон кардааст. Аз ҷумла, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён гуфт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон “дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”.

*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...