Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии ҷавонон бо номи “Ҷаҳони оянда” баргузор шуд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирӣ барои наврасону ҷавонон, таҳти унвони “Ҷаҳони оянда” баргузор шуд. Он ду рӯз идома карда, беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва Чин ба намоиш гузошта шуд. Мақсад аз баргузории намоишгоҳ ҷалби ҷавонону наврасон ба санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ ва амалӣ, сафолӣ, заргарӣ, наққошӣ, инчунин таблиғ, ҳавасмандӣ […]

Шаҳноз Ализода, махсус барои Asia-Plus

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирӣ барои наврасону ҷавонон, таҳти унвони “Ҷаҳони оянда” баргузор шуд. Он ду рӯз идома карда, беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва Чин ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории намоишгоҳ ҷалби ҷавонону наврасон ба санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ ва амалӣ, сафолӣ, заргарӣ, наққошӣ, инчунин таблиғ, ҳавасмандӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавонон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи инкишофи маданият ва санъати Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Дар ифтитоҳи расмии намоишгоҳ, намояндагони расмии ду кишвар, аз ҷумла  Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Ҷи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кардандд.

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, Чин яке аз шарикони сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар формати бисёрҷониба инкишоф меёбанд.

Дар идома, байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази Коммуникатсионии Вуҷов ва ширкати байналмилалии намоишгоҳи Шанхай созишномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи намоишгоҳи байналмилалии “Ҷаҳони оянда” соли 2023 аз ҷониби Маркази иртибототи Вучжоуи дафтари иттилоотии Шӯрои Давлатӣ таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.