Рақобат миёни ислоҳталабу усулгаро. Интихоботи Эрон ба даври дуюм кашида шуд

Дар интихоботи президентии Эрон, ки 28-уми июн баргузор гардид, аз чаҳор даъвогари курсии раиси ҷумҳур касе натавонист раъйи заруриро ба даст орад. Интихобот ба даври дуюм гузашт ва дар он ду номзад – Масъуди Пизишкиёни ислоҳталаб ва Саид Ҷалилии усулгаро вориди рақобат хоҳанд шуд. 29-уми июн Ситоди интихоботи Эрон натоиҷи овоздиҳӣ дар интихоботи президентиро, ки […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар интихоботи президентии Эрон, ки 28-уми июн баргузор гардид, аз чаҳор даъвогари курсии раиси ҷумҳур касе натавонист раъйи заруриро ба даст орад. Интихобот ба даври дуюм гузашт ва дар он ду номзад – Масъуди Пизишкиёни ислоҳталаб ва Саид Ҷалилии усулгаро вориди рақобат хоҳанд шуд.

29-уми июн Ситоди интихоботи Эрон натоиҷи овоздиҳӣ дар интихоботи президентиро, ки 28-уми июн доир гашт, эълон кард. Бар асоси он Масъуди Пизишкиён 10 миллиону 415 ҳазору 991 раъй (42,4 дарсад), Саид Ҷалилӣ 9 миллиону 473 ҳазору 298 раъй (38,6 дарсад), Муҳаммадбоқир Қолибоф 3 миллиону 383 ҳазору 340 раъй (13,8 дарсад) ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ 206 ҳазору 397 раъй (0,8 дарсад) ба даст оварданд.

Дар интихоботи зудҳангом аз миёни беш аз 61 миллион шаҳрванди Эрон, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доштанд, 24 миллиону 535 ҳазору 185 нафар ё каме бештар аз 40 дарсад барои раъй додан ба ҳавзаҳои интихоботӣ омадаанд.

Шумори онҳое, ки касеро интихоб накардаанд, каме бештар аз 1 миллион нафар ё 4,3 дарсади раъйдиҳандагон будаанд.

Ҳамакнун, дар даври дуюм, ки 5-уми июл баргузор мешавад, Масъуди Пизишкиён ва Саид Ҷалилӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Ҳарду довталабони курсии раиси ҷумҳурии Эрон имкон доранд, ки то 3 июл фаъолияти интихоботӣ баранд.

Бояд гуфт, ки дар интихоботи зудҳангоми Эрон 278 нафар сабти ном карда буданд, ки танҳо салоҳияти 6 нафари онҳо пазируфта шуд. Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон ва Амирҳусейн Қозизода, муовини Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон як рӯз пеш аз баргузории даври асосии интихобот аз ҳузур дар он канор рафтанд. Аз миёни ин ду усулгаро ҳеҷ яке равшан нагуфт, ки ба нафъи чӣ касе аз интихобот канорагирӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор гардид.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.