Сӯхтор дар бозори Ҷайҳун. Талафоти ҷонӣ нест, аммо бозор қариб пурра сӯхтааст

Дар пайи сӯхтор, ки шаби 1-уми июли соли 2024 дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон рух дод, чор нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд ва баъди кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд. Аммо бозор қариб пурра сӯхтааст. Аз наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса аз макони сӯхтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор карданд, дида мешавад, ки […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар пайи сӯхтор, ки шаби 1-уми июли соли 2024 дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон рух дод, чор нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд ва баъди кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд. Аммо бозор қариб пурра сӯхтааст.

Аз наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса аз макони сӯхтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор карданд, дида мешавад, ки оташ қариб тамоми бозорро фаро гирифтааст ва оташхомӯшкунон бо он мубориза мебаранд.

Аз қисми навбатдории Раёсати оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки оташ қариб тамоми бозори марказии ноҳияи Ҷайҳунро фаро гирифтааст.

“Ҳарчанд бозор қариб пурра сӯхтааст, аммо мағозаҳои гирду атрофи он камтар зарар дидаанд”, – гуфтанд аз Раёсати оташнишонии вилояти Хатлон.

Ба қавли манбаъ, ҳоло сабаби сӯхтор, масоҳати он ва зарари аз он расида ҳисоб мешавад. Барои ин комиссияи махсус ташкил шудааст.

Дар беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун тасдиқ карданд, ки дар пайи сӯхтор чор нафар ба онҳо муроҷиат карда, пас аз кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки дар аксар ҳолат риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.