Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии Душанбе якчанд рӯз маҳдуд мешавад

Дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе аз 2 то 6 июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ),  А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд. Тавре ки аз Раёсати ВКД дар шаҳри […]

Дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе аз 2 то 6 июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ),  А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.

Тавре ки аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, роҳҳо бинобар сабаби ташрифи меҳмонони баландпоя баста мешаванд.

Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дархост шудааст, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 2 июл, сафари дурӯзаи сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин якумин сафари хориҷии ӯ пас аз интихобаш ба мансаби сарвазирии ин кишвар аст.

Ғайр аз ин аз 4 то 6 июл раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ, инчунин иштироки Си Ҷинпин дар дигар чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, иштироки Си Ҷинпин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар назар аст. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи ин биноҳо дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.