Боздошти вакили Маҷлиси вакилони халқи Суғд барои тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо иттиҳоми тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ пули буҷет аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод боздошт шудааст. Ҳоло парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, Усмонов Қ.И., вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29, ки ҳамзамон аз соли 2019 дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон фаъолият доштааст, зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” беш аз 1 млн сомониро тасарруф намудааст.

“…қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 068 650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намудааст”, – менависад ин ниҳод.

Ҳамакнун, Оҷонсии зиддифасод нисбати Усмонов Қ.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Назари худи муттаҳам ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти мансабдор бо ҷурми фасод давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент нест. Қаблан Оҷонсии зиддифасод чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”-ро бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ боздошт карда буд.

Дар бораи назари мансабдорон ба фасод ва шеваи мубориза бо он аз матлаби мо маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...