Ҷазо барои вуруди кӯдакон ба марказҳои дилхушӣ сангин шуд. Акнун соҳибони дискоклубҳо ҳам ҷарима мешаванд

Барои соҳибкороне, ки кӯдакони ноболиғро ба марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок роҳ медиҳанд, то 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд. Ғайр аз ин, ҷаримаи падару модарон ва ташкилотҳо ҳам сангинтар гардид. Ба моддаи 464, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки “ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Барои соҳибкороне, ки кӯдакони ноболиғро ба марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок роҳ медиҳанд, то 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд. Ғайр аз ин, ҷаримаи падару модарон ва ташкилотҳо ҳам сангинтар гардид.

Ба моддаи 464, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки “ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ” пешбинӣ кардааст, тағйирот ворид шуд.

Дар асоси ин модда акнун ба соҳибкорони инфиродӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 12 ҳазору 960 то 14 ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима таъин карданд.

Агар давоми як сол ин кирдор такрор шавад, ба соҳибкорони инфиродӣ аз 220 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 840 то 18 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин карда шуд.

Қаблан барои соҳибкорони инфиродӣ ҷазо муайян нагардида буд.

Ҳамчунин, дар асоси моддаи мазкур ҷарими падару модарон (шахсони воқеӣ) ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) зиёд карда шуданд:

Ҷарима ба шахсони воқеӣ: аз 7 ҳазору 200 то 8 ҳазору 640 сомонӣ (қаблан аз 504 то 720 сомонӣ)

Ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ: аз 18 ҳазор то 21 ҳазору 600 сомонӣ (қаблан аз 1 ҳазору 224 то 1 ҳазору 440 сомонӣ)

Агар давоми як сол ин кирдор такрор шавад:

Ҷарима ба шахсони воқеӣ аз 9 ҳазору 360 то 10 ҳазору 800 сомонӣ (қаблан аз 936 то 1 ҳазору 80 сомонӣ)

Ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ: аз 28 ҳазору 800 то 36 ҳазор сомонӣ (қаблан аз 1 ҳазору 944 то 2 ҳазору 160 сомонӣ)

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмур имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар – “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.

Мавзӯи баҳснок миёни мансабдорони тоҷик

Бояд гуфт, ки фаъолияти марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ яке аз мавзӯъҳои таваҷҷӯҳҷалбкун, ҳатто миёни мансабдорони тоҷик аст.

Аз ҷумла, Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, ки зидди фаъолияти марказҳои дилхушӣ мебошад.

“Ҳамагон медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё марказҳои дилхушӣ фаъолият мекунанд, лекин бо як низоми муайян ва тартибе, ки назорат мешаванд. Марказҳои дилхушӣ дар мо ба ягон меъёр ҷавобгӯ нестанд. Онҳо бояд дар доираи қонун ва ахлоқу одоб фаъолият кунанд”, – гуфт Муминзода.

Баъди танқиди раиси шаҳри Бохтар дар моҳи май ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд ва фаъолияти ин маконҳо зери назорат гирифта шуд.

Аз ин пештар, раиси пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, ки ҳоло мушовири раиси ҷумҳур шудааст, дар нишасти хабарии моҳи феврали соли 2022 гуфта буд, ки ҷонибдори фаъолияти дискоклубҳо аст ва “дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад”.

“Шахсан вақте ба дискотека рафтам, дар он ҷо амали фаҳшеро надидам. Толори торик, ҳама чиз дар ҷои худаш, касе мерақсад, касе нишастааст. Дар ҷомеаи озод зиндагӣ мекунем, ҳамаро ба дискотека, ё ҳамаро ба масҷид бурда намешавад. Хоҳӣ масҷид рав, хоҳӣ дискотека, хоҳӣ китобхона, хоҳӣ тарабхона. Ҳукумат шароит фароҳам овардаст”, – гуфта буд Раҳмонзода.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки то кунун чанд нафар шахсони ҳуқуқиву воқеӣ барои ин қоидавайронкунӣ ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.