Баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳо дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Остона рӯзи 3 июл президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки ба Қазоқистону Тоҷикистон муяссар шуд, ки дарвоқеъ ҳам муносибатҳои иттифоқчигиро роҳандозӣ намоянд, ки дар ин кор Эмомалӣ Раҳмон саҳми беандоза дорад. Ӯ ба президенти Тоҷикистон барои ҳузури шахсӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Остона […]

Зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Остона рӯзи 3 июл президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки ба Қазоқистону Тоҷикистон муяссар шуд, ки дарвоқеъ ҳам муносибатҳои иттифоқчигиро роҳандозӣ намоянд, ки дар ин кор Эмомалӣ Раҳмон саҳми беандоза дорад.

Ӯ ба президенти Тоҷикистон барои ҳузури шахсӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Остона ва пайваста дастгирии афзалият ва ташабусҳои Қазоқистон изҳори миннатдорӣ кард.

“Маҳз иштироки шумо аҳаммияти хосса дорад, зеро шумо ягона президенти амалкунанда ҳастед, ки дар оғози таъсиси СҲШ дар соли 1996 ҳузур доштед. Ба фикри ман, ин созмон як иттиҳоди самарабахш, боэътимод ва демократӣ аст. Умедворем, ки нишасти пагоҳ (имрӯз, 4 июл) муваффақ хоҳад буд”, – иброз дошт зимни вохӯрӣ президенти Қазоқистон.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ раёсати муваффақонаи Қазоқистонро дар СҲШ, инчунин рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу амниятро зикр кард.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.

Дар рафти суҳбат ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.