Аз Тоҷикистон киҳо ба Олимпиадаи Париж мераванд ва оё метавонем соҳиби медал шавем?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Пас аз анҷоми қариб ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ дар навъҳои гуногуни варзиш иштирокчиёни Бозиҳои олимпии соли 2024 аз Тоҷикистон маълум шуданд, ки аз 14 нафар иборат буда, 11 варзишгар аз даври интихобии олимпӣ гузаштанд ва боз 3 варзишгар тибқи квота иштирок мекунанд.

Чанде пеш радабандӣ (рейтинг)-и олимпии ҷудокорон нашр шуд, ки мувофиқи он 6 варзишгари тоҷик ба Бозиҳо мераван (5 нафар – бо иҷрои меъёр ва 1 нафар тибқи квота).

“Инҳо Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг (4463 имтиёз, зинаи 7-ум), Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг (5945 имтиёз, зинаи 11-ум), Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг (4240 имтиёз, зинаи 11-ум), Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг (2746 имтиёз, зинаи 20-ум) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг (6220 имтиёз, зинаи 3-юм) мебошанд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 100 кг (1850 имтиёз, зинаи 31-ум) тибқи квотаи минтақавӣ ба Олимпиада меравад.

Боз киҳо ба Олимпиада мераванд?

Қаблан 5 варзишгари тоҷик роҳхатҳои олимпӣ гирифта буданд: 3 роҳхат дар бокс, 1 роҳхат дар гӯштини тарзи озод ва 1 роҳхат дар таэквон-до WT.

Боксчиён: Давлат Болтаев дар вазни 92 кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг.

Дар навъи гӯштини тарзи озод Виктор Рассадин дар вазни 74 кг ва дар таэквон-до WT – Мунира Абдусаломова.

Ғайр аз ин, тибқи квота намояндагони Тоҷикистон боз дар ду навъи варзиш иштирок мекунанд: шиноварӣ (2 варзишгар – 1 мард ва 1 зан, ному насабашон баъдтар маълумхоҳад шуд) ва варзиши сабук (1 нафар – Фаворис Музрапов).

Намояндагони Тоҷикистон имкони медал гирифтан доранд?

Варзишгар ва мураббии маъруф, дорандаи медалҳои бириҷнии Бозиҳои олимпӣ дар камонварӣ Зебуннисо Рустамова бар ин назар аст, ки Бозиҳои олимпӣ муҳимтарин мусобиқа барои ҳар як варзишгар маҳсуб меёбад.

«Бозиҳои Олимпии 2024 нишондиҳандаи муҳими фаъолияти варзишгарон ва самаранокии рушди варзиши тоҷик хоҳад буд. Оё варзишгарони мо метавонанд дар он ҷо чизе ба даст оранд? Мо дуо гуфта, умедворем, ки ин дафъа варзишгарони тоҷик соҳиби медал мешаванд», – гуфт ӯ зимни суҳбат  бо Asia-Plus.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло чизеро пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо ҷудокорон ва боксчиён барои ба даст овардани меделҳо имкон (шонс) доранд.

«Дар гузашта мо 10 варзишгар доштем, ки аз онҳо 7 роҳхат ва 3 квота буданд. Ҳоло 14 варзишгар – 11 роҳхат ва 3 квота дорем. Бештар аз ҷудокорон ва боксиён умедворем, – гуфт ӯ. – Албатта, аз ҳар касе, ки аз мо иштирок мекунад, интизори медалҳо ҳастам, вале ростӣ, рақобат нисбат ба Олимпиадаи гузашта боз ҳам сахттар хоҳад буд. Бинобар ин, ба варзишгарони мо барори кор ва сабр мехоҳам».

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти 4 медал ноил гардид:

– 1 медали тилло, Дилшод Назаров, гурзандозӣ, соли 2016, Рио-Де-Жанейро;

 – 1 медали нуқра, Юсуф Абдусаломов, гӯштини тарзи озод, соли 2008, Пекин;

– 2 медали биринҷӣ, Расул Боқиев, ҷудо, соли 2008 Пекин ва Мавзуна Чориева, бокс, соли 2012, Лондон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...