Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин аз “ҳамкории муваффақ”, “ояндаи дурахшон” ва “сарнавишти ягона” гуфтанд

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин дар остонаи сафари давлатии сарвари далати Чин ба Тоҷикистон дар мусоҳибаву мақолаи хеш доир ба муносибатҳои ҷорӣ ва таърихи равобити ду кишвар андешаҳояшонро баён кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо “Синхуа” аз “намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ” ва Си Ҷинпин дар мақолааш, ки АМИТ “Ховар” нашр кард, аз “ояндаи дурахшон”-у “сарнавишти ягона”-и ду кишвар гуфтааст.

Зимни мусоҳибаи худ ба хабаргузории давлатии “Синхуа”-и Чин Эмомалӣ Раҳмон оид ба равобит ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ҳадафҳо ва афзалиятҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”,  мавқеи Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар самтҳои равобити дуҷониба суҳбат карда, муносибатҳои ду кишварро “намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ” арзёбӣ кардааст.

“Мардумони тоҷику чинӣ дар давоми асрҳои зиёд ҳамсояи вафодор будани худро борҳо исбот кардаанд. Аз ин рӯ, мо, ворисони ин дӯстии бузургро зарур аст, ки ин анъанаи некро идома дода, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем”, – таъкид кардааст Раҳмон.

Раҳмон иброз доштааст, ки тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама бахшҳо аз сиёсӣ то фарҳангиву гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Раҳмон дар мусоҳибааш инчунин гуфтааст, ки ҳеҷ кишваре наметавонад танҳо ва бе дастгирии шарикону ҳамсояҳо рушд кунад.

Дар навбати худ, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар мақолааш “Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон”, ки онро “Ховар” нашр кардааст, аз дустии ду кишвар дар тули таърих ёдовар шуда гуфтааст, ки “Чин ва Тоҷикистон асрҳо боз ҳамсоя буда, сарнавишти ягона доранд ва Роҳи бузурги Абрешим дар муддати беш аз ду ҳазор сол аз ин шаҳодат медиҳад”.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Чин, барои рушди ду кишвар таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва бунёди садди амниятӣ низ муҳим аст. “Ҷонибҳо бояд якҷо консепсияҳои ягона, маҷмуӣ, муштарак ва мустаҳками амниятиро дар ҳаёт татбиқ созанд, табодулро тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус таҳким бахшанд, бо «се қувваи бадӣ», аз ҷумла Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ қатъиян мубориза баранд ва ба воридшавию иғвоангезии террористон ва экстремистон муқовимат намоянд”, – изҳор доштааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Чин дар идома таъкид кардаст, ки Чин ва Тоҷикистон дар марҳилаи рушди босуръат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ҷараёни сафараш бо Тоҷикистон барои ба қуллаҳои нав баровардани муносибати ду кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои нав таҳррезӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин ду раиси ҷумҳур бо расонаҳо кам суҳбат мекунанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир танҳо ба чанд расонаҳои хориҷӣ мусоҳиба дода, аз суҳбат бо расонаҳои миллии Тоҷикистон парҳез кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин шаби 4-уми июл аз Остона ба Душанбе омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Ба иттилои расмӣ, сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон то 6-уми июл давом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, роҳбари Чин ба ғайр аз мулоқот бо мақомдорони баландпоя дар чорабиниҳои расмӣ ширкат мекунад. Аммо мақомот аз ин чорабиниҳо ном набурданд. Танҳо тахмин меравад, ки Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ду бино бо маблағи Чин сохта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...