Си Ҷинпин ва Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон омаданд

Пас аз дидору мулоқотҳо ва иштирок дар нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин шоми 4-уми июл ба Душанбе омаданд. Антониу Гутерришро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳоким Холиқзода, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон пешвоз гирифт. Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” Антониу Гутерриш бо раиси ҷумҳур […]

Asia-Plus

Пас аз дидору мулоқотҳо ва иштирок дар нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин шоми 4-уми июл ба Душанбе омаданд.

Антониу Гутерришро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳоким Холиқзода, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” Антониу Гутерриш бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Ҷузъиёти дигари сафари дабири куллии СММ ба Тоҷикистон маълум нест.

Сафари Дабири кулли СММ ба минтақаи Осиёи Марказӣ 29-уми июн оғоз шуд. Антониу Гутерриш пеш аз ин дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон буд. Ӯ дар шаҳри Остона дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кард.

Раҳбари СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд.

Ҳамчунин, шаби 4-уми июл раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин низ аз Остона ба Душанбе омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Ба ифтихори меҳмон фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар, расмҳои сарони Тоҷикистону Чин ва шиорҳо дар бораи дӯстии халқҳои ду давлат оро дода шуд.

Ба иттилои расмӣ, сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон то 6-уми июл давом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, роҳбари Чин ба ғайр аз мулоқот бо мақомдорони баландпоя дар чорабиниҳои расмӣ ширкат мекунад. Аммо мақомот аз ин чорабиниҳо ном набурданд. Танҳо тахмин меравад, ки Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ду бино бо маблағи Чин сохта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.