Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар замони ҷанги Русия ва Украина қариб ду баробар афзуд

Дар гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) гуфта мешавад, дар соли 2023 Тоҷикистон дар садри рӯйхати кишварҳо бо ҳиссаи баландтарини интиқоли пул нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 48,2% қарор гирифт. “Имконоти маҳдуд дар кишвар одамонро водор мекунанд, ки дар хориҷа, пеш аз ҳама дар Русия дар соҳаи сохтмону хидматрасонӣ кор ҷӯянд”, – зикр […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) гуфта мешавад, дар соли 2023 Тоҷикистон дар садри рӯйхати кишварҳо бо ҳиссаи баландтарини интиқоли пул нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 48,2% қарор гирифт.

“Имконоти маҳдуд дар кишвар одамонро водор мекунанд, ки дар хориҷа, пеш аз ҳама дар Русия дар соҳаи сохтмону хидматрасонӣ кор ҷӯянд”, – зикр мешавад дар гузориши Бонк.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо ба хароҷоти хонаводаҳо, бахусус ба харидории маҳсулоти ғайриозуқа ва таълим саҳми назаррас доранд.

Дар гузориш бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, соли 2023 ба Тоҷикистон 5,7 млрд доллар пул интиқол дода шуд, ки ин 6,6% нисбат ба соли гузашта бештар буда, маблағи рекордӣ барои ҷумҳурӣ мебошад.

Зикр мегардад, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда” то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2013 – ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз оғози ҷанг миёни Русия ва Украина мутахассисони ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ аз коҳиши сатҳи интиқоли пул аз Русия, аз ҷумла ба Тоҷикистон интизорӣ доштанд. Аммо бархиофи ин пешгӯиҳо, ҳаҷми интиқол баръакс, зиёд шуд.

Дар бораи теъдоди дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия маълумот додан душвор аст, зеро маълумоти расмии ду кишвар аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Мувофиқи маълумоти омори Русия, дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, лекин дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки теъдоди онҳо ҳатто ба 1 млн нафар намерасад.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2023 каме бештар аз 600 ҳазор аз ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, аммо бино ба маълумоти ниҳоди муҳоҷирати Русия, танҳо дар зарфи 9 моҳ беш аз 800 ҳазор муҳоҷирони тоҷик барои ҷустуҷӯи кор ба ин кишвар омадаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.