Боздошти марде, ки дар дохили шимаш мехост зиёда аз 100 морро ба Чин ворид кунад

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти гумруки Чин мардеро боздошт намуданд, ки мехост аз Гонконг ба қаламрави кишвар зиёда аз 100 мори зиндаро ворид кунад. Ӯ морҳоро дар халтаҳо дохили шимаш пинҳон кардааст. Дар ин бора нашрияи Cqnews бо истинод ба Сарраёсати гумруки Чин хабар медиҳад.

Аз ному насаби мард ном бурда нашуда, гуфта мешавад,  дар постгоҳи назоратии Футян байни Гонконг ва шаҳри Шэнчжэн ӯ тариқи долони “сабз” гузаштааст. Дар ин долон эъломия кардани молу маҳсулоти бағоч талаб намешавад, лекин гумрукчиён онро аз назар гузаронидаанд.

Дар натиҷа дар шими мусофир шаш халта дарёфт шудааст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо навъҳои гуногуни морҳо будаанд. Ба сурати умум, ӯ ният доштааст, ки 104 мори зинда, аз ҷумла навъҳои экзотикиро ворид намояд.

“Дар халтаҳо морҳои зиндаи навъу андоза ва рангҳои гуногун дарёфт шуданд”, – иттилоъ медиҳад Хадамоти гумруки Чин.

Гуфта мешавад, ки мард меъёри қонунҳо “Дар бораи амнияти биологии Чин” ва «Дар бораи назорати карантинии байторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридот ва содирот»-ро риоя накардаааст. Дар ин қонунҳо бе иҷозаи махсус ворид кардани намудҳои бегонаи ҳайвонот ба кишвар манъ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...