Боздошти ду ноболиғ барои муноқиша ва кордкашӣ

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандони мақомоти милитсия ду ҳолати муноқишаи наврасонро, ки яке бо истифода аз корд рух додааст, ба қайд гирифтанд. Ба иттилои маркази матбуоти ВКД дар ҳудуди боғи истироҳатии ба номи “Абу Маҳмуди Хуҷандӣ”‑ и шаҳри Хуҷанд, ноболиғи 16-солаи сокини ин шаҳр, рӯзи 7-уми июл, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо ноболиғи 17-солаи сокини […]

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандони мақомоти милитсия ду ҳолати муноқишаи наврасонро, ки яке бо истифода аз корд рух додааст, ба қайд гирифтанд.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД дар ҳудуди боғи истироҳатии ба номи “Абу Маҳмуди Хуҷандӣ”‑ и шаҳри Хуҷанд, ноболиғи 16-солаи сокини ин шаҳр, рӯзи 7-уми июл, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муноқиша карда бо корд як маротиба ба қафаси  синнааш задааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Нисбати шахси гумонбар бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ яъне, “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ”, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст. Ин моддаи қонунгузорӣ  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Ба навишти манбаъ ҳодисаи дигар дар кӯчаи Гипраземи шаҳри Душанбе, рӯзи 2-юми июл иттифоқ афтодааст, ки ноболиғи 17‑солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ муноқиша намуда, ӯро латукӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида тибқи хулосаи ташхиси судӣ – тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Зикр шудааст, ки гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ҳоло муайян нест, ки нисбати шахси гумонбар бо кадом моддаи қонун ҷазо таъин карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки муноқиша ва кордкашии наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда аз тарафи мақомот ин гуна ҳолатҳо зуд‑зуд расонаӣ мешавад. Қаблан дар пойтахт 5 нафар ноболиғон, ки ба даст доштан дар марги ҳамсоли худ дар ҷараёни муноқишаву занозанӣ гумонбар буданд,  дастгир шуданд.  Ҳодисаи мазкур рӯзи 9 – уми май тахминан соати 20:40 дақиқа дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур рух дода буд. Ду гурӯҳи ноболиғон бо истифода аз корд муноқиша  намуданд, ки дар натиҷаи латукӯб ноболиғ Р.Х. ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона фавтидааст. Дар натиҷа нисбати шахсони гумонбар бо моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.