Боздошти наврасони гумонбар ба марги ҳамсолашон дар Душанбе

Дар Душанбе 5 нафар ноболиғон, ки ба даст доштан дар марги ҳамсоли худ дар ҷараёни муноқишаву занозанӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Гуфта мешавад, як сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудааст, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар […]

Дар Душанбе 5 нафар ноболиғон, ки ба даст доштан дар марги ҳамсоли худ дар ҷараёни муноқишаву занозанӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, як сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудааст, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст.

Раёсати ВКД-и пойтахт таъкид мекунад, ки муроҷиати мазкур бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсат мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шудаааст ва гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 20:40 дақиқаи рӯзи 9 май дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур ду гурӯҳи ноболиғон бо истифода аз кордҳо ба муноқишаву ҷанҷол ва занозанӣ оғоз кардаанд.

Дар натиҷаи латукӯб ноболиғ Р.Хушбахтов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҳалок шудааст.

Миёни гумонбарон сокинони Душанбе: Ш. Б. – 16-сола, Р. У. – 16-сола, С. А. – 17-сола, М. И. – 15-сола ва Я. М. – 15-сола ҳузур доранд.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар моддаи 237 ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.