Аз Тоҷикистон ҳайати иборат аз 30 нафар ба Олимпиадаи Париж мераванд

Тоҷикистон рӯйхати васеи даста ва аъзои ҳайатро барои сафар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж (Фаронса) пешниҳод кард. Дигар касеро илова кардан имкон надорад. Рӯйхати ниҳоии варзишгарони сабтшударо Кумитаи байнулмилалии олимпӣ рӯзи 8 июл эълон мекунад, зеро додани иҷозатномаҳо ба намояндагони навъҳои варзиши шиноварӣ ва варзиши сабук дар ҳамин сана ба охир мерасад. Ба […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон рӯйхати васеи даста ва аъзои ҳайатро барои сафар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж (Фаронса) пешниҳод кард. Дигар касеро илова кардан имкон надорад. Рӯйхати ниҳоии варзишгарони сабтшударо Кумитаи байнулмилалии олимпӣ рӯзи 8 июл эълон мекунад, зеро додани иҷозатномаҳо ба намояндагони навъҳои варзиши шиноварӣ ва варзиши сабук дар ҳамин сана ба охир мерасад.

Ба ҳайати Тоҷикистон ҳудуди 30 нафар шомил мешаванд, аз ҷумла варзишгарону мураббиён, менеҷерҳои соҳаҳои гуногун, роҳбарони федератсияҳо, кормандони Кумитаи олимпии ҷумҳурӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Қобили зикр аст, ки дар Бозиҳои олимпии пешин дар Токио ҳайати Тоҷикистон аз 23 нафар иборат буд. Аз ин теъдод 10 варзишгар Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои ҷудо, бокс, варзиши сабук ва шиноварӣ намояндагӣ карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал ба даст оварда натавонист.

Айни замон Тоҷикистон дар 3 навъи варзиш ҳамагӣ 5 роҳхат ва инчунин 3 квотаи махсус ҷудошуда (2-то дар шиноварӣ ва 1-то дар варзиши сабук) дорад. Ин даъватномаҳоро федератсияҳои байнулмилалӣ ба таври анъанавӣ ба варзишгарон ҷудо карданд.

Бо маълум гардидани радабандӣ (рейтинг)-и ниҳоӣ дар навъи гӯштини ҷудо рӯзи 23 июн сафи тоҷикистониёни иштирокчии Олимпиада зиёд шуда метавонад. Аз рӯи натиҷаҳои он якчанд ҷудокорон аз Тоҷикистон ба Бозиҳои соли 2024 роҳхат хоҳанд гирифт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 медали биринҷӣ ноил гардид. Медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров, нуқраро – гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва 2 медали биринҷиро – ҷудокор Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дар мусобиқаи бокс байни занон ба даст оварданд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.