Боздошти марде, ки дар дохили шимаш мехост зиёда аз 100 морро ба Чин ворид кунад

Кормандони Хадамоти гумруки Чин мардеро боздошт намуданд, ки мехост аз Гонконг ба қаламрави кишвар зиёда аз 100 мори зиндаро ворид кунад. Ӯ морҳоро дар халтаҳо дохили шимаш пинҳон кардааст. Дар ин бора нашрияи Cqnews бо истинод ба Сарраёсати гумруки Чин хабар медиҳад. Аз ному насаби мард ном бурда нашуда, гуфта мешавад,  дар постгоҳи назоратии Футян […]

Кормандони Хадамоти гумруки Чин мардеро боздошт намуданд, ки мехост аз Гонконг ба қаламрави кишвар зиёда аз 100 мори зиндаро ворид кунад. Ӯ морҳоро дар халтаҳо дохили шимаш пинҳон кардааст. Дар ин бора нашрияи Cqnews бо истинод ба Сарраёсати гумруки Чин хабар медиҳад.

Аз ному насаби мард ном бурда нашуда, гуфта мешавад,  дар постгоҳи назоратии Футян байни Гонконг ва шаҳри Шэнчжэн ӯ тариқи долони “сабз” гузаштааст. Дар ин долон эъломия кардани молу маҳсулоти бағоч талаб намешавад, лекин гумрукчиён онро аз назар гузаронидаанд.

Дар натиҷа дар шими мусофир шаш халта дарёфт шудааст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо навъҳои гуногуни морҳо будаанд. Ба сурати умум, ӯ ният доштааст, ки 104 мори зинда, аз ҷумла навъҳои экзотикиро ворид намояд.

“Дар халтаҳо морҳои зиндаи навъу андоза ва рангҳои гуногун дарёфт шуданд”, – иттилоъ медиҳад Хадамоти гумруки Чин.

Гуфта мешавад, ки мард меъёри қонунҳо “Дар бораи амнияти биологии Чин” ва «Дар бораи назорати карантинии байторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридот ва содирот»-ро риоя накардаааст. Дар ин қонунҳо бе иҷозаи махсус ворид кардани намудҳои бегонаи ҳайвонот ба кишвар манъ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.