Гузориши БАОР: афзоиши бесобиқаи интиқоли пул ба Тоҷикистон идома дорад

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 56% зиёд шуд. Дар ин бора дар Гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар дода мешавад. Таҳлилгарон инро ба «болоравии ҷараёни муҳоҷирати байнулмилалӣ ва фаъолнокии баланди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон» рабт медиҳанд. Мутахассисони Бонк […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 56% зиёд шуд. Дар ин бора дар Гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар дода мешавад.

Таҳлилгарон инро ба «болоравии ҷараёни муҳоҷирати байнулмилалӣ ва фаъолнокии баланди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон» рабт медиҳанд.

Мутахассисони Бонк зикр мекунанд, ки  ин маълумотҳо арзёбиҳои онҳо дар бораи динамикаи интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро ҳамчун мусоид барои иқтисод тасдиқ мекунанд.

«Мо интизор дорем, ки афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳо тариқи интиқол яке аз омилҳои рушди ММД-и кишвар ба 8,0% дар соли 2024 хоҳад шуд», – гуфта мешавад дар Гузориш.

Қаблан дар Гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба муҳоҷирати корӣ бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда”, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2013 – ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо ба хароҷоти хонаводаҳо, бахусус ба харидории маҳсулоти ғайриозуқа ва таълим саҳми назаррас доранд.

Самти асосии муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия боқӣ монда, бино ба маълумоти гуногун, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мутахассисон дар Тоҷикистон афзоиши назарраси ҳаҷми интиқоли пул дар ду соли охирро натанҳо ба афзоиши фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия, аз ҷумла бо сабаби рушди саноати мудофиа, балки ба афзоиши сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ низ рабт медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дастрасӣ ба маълумоти расмӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул дар Тоҷикистон беш аз 10 сол боз ғайриимкон аст. Маълумот дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ аз Русия пештар дар сомонаи Бонки марказии Русия дастрас буд, аммо пас аз оғози низоъи мусаллаҳонаи Россия ва Украина ин маълумот дигар нашр намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.