Сокини Душанбе барои фотеҳатӯйи пуршукӯҳи духтараш ҷарима мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима мешавад.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 13 июл шаҳрванд Раҷабалӣ Ширинзода адр кӯчаи Н.Хусрав ба муносибати оиладоршавии духтараш фотеҳатӯйи пуршукӯҳ гузаронид. Сарфи назар аз меъёрҳои қонунгузорӣ, дар маърака меҳмонони зиёд иштирок карда, тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.

Мувофиқи ин моддаи Кодекс, маблағи ҷарима барои шахсони воқеӣ 129 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8 ҳазору 640 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор – 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазору 200 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Барои ҷалби Ширинзода ба ҷавобгарӣ видео ва суратҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби меҳмонон асос шуданд. Зери он корбарон шарҳҳои манфӣ гузошта, изҳор намуданд, ки “барои риоя накардани меъёрҳои қонун танҳо мардуми одӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, сарватмандон ва афроди маъруф дар канор мемонанд”.

Қобили зикр аст, ки дар сабтҳои видео дида мешавад, ки дар маърака сарояндагони маъруфи эстрада Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, инчунин модари онҳо Сурайё Қосимова ҳузар доранд. Ҳамаи онҳо ба келини оянда туҳфаҳо тақдим мекунанд. Корбарони шабака менависанд, ки духтар келини хоҳари калонии хонадони сарояндаҳо мешавад (келини Бибирӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова – эзоҳи идора).

Ёдрас мекунем, ки моҳи июн қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар таҳрири нав қабул шуд. Нисбат ба қонуни пешина дар он ҷазоҳо барои риоя накардани талаботи қонун сангинтар шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...