Дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсоли барқ кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли равон мистеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 7% кам шуд: аз 10,1 млрд киловатт-соат дар ҳамин давраи соли 2023 то 9,4 млрд киловатт-соат.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ баръакс, 46,1% зиёд шудааст: аз 631,2 млн киловатт-соат дар моҳҳои январ-июни соли гузашта то 921,1 млн киловатт-соат дар ҳамин давраи соли равон.

Ҳамчунин итеҳсоли барқ дар неругоҳҳои офтобӣ 4,2 баробар афзудааст: аз 200 ҳазор то 800 ҳазор киловатт-соат.

Ба ин тариқ, дар нисолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10,4 млрд киловатт-соатро ташкил додааст, ки 3,7% камтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи неруи барқи обӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсол аз 93,5% дар зарфи 6 моҳи соли 2023 то 90,4% дар ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 6 моҳи имсол ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 34,8 млрд доллар неруи барқ интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 млн доллар ё худ 19,9% камтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...