Боздошти муҳосиби бахши кишоварзии Фархор бо иттиҳоми дуздии кумакҳо

Як муҳосиби шуъбаи кишоварзии ҳукумати ноҳияи Фархор ба дуздии кумакҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаҳҳам шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши молӣ ва иқтисодӣ дар ҳукумати ноҳияи Фархор маълум шудааст, ки аз ҳисоби кӯмакҳои Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Як муҳосиби шуъбаи кишоварзии ҳукумати ноҳияи Фархор ба дуздии кумакҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаҳҳам шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши молӣ ва иқтисодӣ дар ҳукумати ноҳияи Фархор маълум шудааст, ки аз ҳисоби кӯмакҳои Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 ба шуъбаи кишоварзии ин ноҳия 374 ҳазору 999 кило тухмӣ ва нуриҳои минералӣ ворид гардидааст. Ин кӯмакҳоро барои нигоҳдорӣ ба мутахассиси пешбар ва муҳосиби ҳамин шӯъба, Исмоилов Т.С. вобаста кардаанд.

“Дар ин муддат, Исмоилов Т.С. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ, ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, аз тухмиҳо ва нуриҳои минералии вобасташуда миқдори 247297 кг-ро ба хоҷагиҳои тибқи рӯйхат пешбинишуда тақсим намуда, боқимонда 20805 кг тухмиҳо ва нуриҳои менералиро бо арзиши умумии 204 822 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”, – менависад Агентӣ.

Ин ниҳод бар зидди Исмоилов бо моддаҳои 257 қисми 3 банди “в”, моддаи 314 қисми 1 ва 323-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, баъди тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Моддаи якум ҷарима ба андозаи 1277 то 2190  нишондиҳанда ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.

Моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 300 то 547 нишондиҳанда ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Моддаи сеюм ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.