Дар Душанбе гази моеъ камёфт шуд. Он танҳо дар баъзе нуқтаҳо гарон фурӯхта мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои охир норасоии шадиди гази моеъ эҳсос мешавад. Бо сабаби арзонтар буданаш нисбат ба дигар сӯзишворӣ, он навъи серталаби сӯзишвории нақлиёт дар ҷумҳурӣ аст.

Ҳанӯз дар оғози ҳафта ҳар литри гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт бо нархи 5,8 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо тайи ду рӯзи охир шумораи нуқтаҳои фурӯши ин навъи сӯзишворӣ тадриҷан кам шуда, дар ҷойҳое, ки то ҳол онро харидан мумкин аст, ҳар литр бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) инро бо гарон шудани гази моеъ дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошад, шарҳ медиҳанд.

Қаблан Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар бораи танзими нархҳои гази моеъ аз 1 июли соли ҷорӣ хабар дода буд.

Дар ин ниҳод зарурати ин чораро бо чандин сабаб, аз ҷумла фоидаовар набудани истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ шарҳ медиҳанд.

«Айни замон нархи гази моеъи нафтӣ нисбат ба арзиши истеҳсоли он хеле пасттар аст», – зикр гардида буд дар хабари Вазорати энергетикаи Қазоқистон.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" изҳор намуданд, ки ин масъаларо танҳо пас аз дарёфти дархости хаттии дахлдор метавонанд шарҳ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки вазорату идораҳо ба муроҷиатҳои хаттии рӯзноманигорон дар беҳтарин ҳолат дар давоми ду ҳафта ҷавоб медиҳанд. Ин муҳлати ниҳоӣ тибқи қонун муқаррар шудааст, аммо дар амал барои ин аксаран вақти хеле зиёдтар лозим шуда, баъзан ҳатто бе посух ҳам мемонад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, гази моеъ ба рӯйхати маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) дохил шудааст, ки нархҳояш аз ҷониби ниҳоди зиддиинҳисорӣ назорат мешавад, ҳарчанд ширкатҳои ҳукмфармо ё худ дорои бартарии зиёд (доминант) дар ин бозор вуҷуд надоранд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 411 ҳазор тонна газ ворид шудааст, ки 76%-и он ба ҳиссаи Қазоқистон, тақрибан 20% –  ба Русия ва тақрибан 4% – ба Ӯзбекистон рост меояд. Айни замон дар Қазоқистон дар мавриди содироти гази моеъи нафтӣ маҳдудият амал мекунад.

Аммо қарор дар бораи манъи содирот ба ширкатҳое, ки гази моеъро ба Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ таъмин мекунанд, амал намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...