КҲФ аз заминларза, садамаи нақлиёти марговар ва дарёфти ҷасади мард дар манзилаш хабар дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 18 июл соати 23:14 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 18 июл соати 23:14 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар Душанбе – 2 баллро ташкил додааст. Харобиҳои зиёд ва талафоти ҷонӣ нест.

Ғайр аз ин, дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Данғара-Душанбе садамаи нақлиётии марговар рух додааст.

Тахминан соати 05:30 дақиқа ба навбатдори фаврӣ дар бораи садама хабар расидааст. Ҳодиса дар роҳи мошингарди қаламрави деҳаи Наи Зиракӣ дар наздикии шаҳри Норак рух медиҳад.

Дастгоҳи боздоранда (тормоз)-и мошини боркаши «Shacman» аз кор баромада, дар натиҷа ронанда идораи нақлиётро аз даст медиҳад ва автомашина ба ҷарии 150-метра сарозер меравад.

Ронанда, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ва мусофири мошин – сокини 23-солаи ноҳияи Рашт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин шоми рӯзи 18 июл зани 32-солаи сокини пойтахт ба навбатдори КҲФ хабар додааст, ки дари хонаеро, ки дар он падараш будааст, кушода наметавонад.

Аз хона ҳеҷ садое набаромада, ба зангу тақ-тақҳои дар касе ҷавоб намедодааст. Вақте имдодгарон дарро мекушоянд, ҷасади марди фавтидаро мебинанд. Ҷасад ба ихтиёри кормандони милитсия дода шуда, сабабҳои марги мард таҳқиқ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.