Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сабаби ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро гуфт

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия бо он рабт дод, ки гумонбарони аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора ӯ рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод Ба ақидаи ӯ, “ихроҷи муҳоҷирон ҳамчунин ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия бо он рабт дод, ки гумонбарони аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора ӯ рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод

Ба ақидаи ӯ, “ихроҷи муҳоҷирон ҳамчунин ба тағйирот дар қонунгузории Русия низ рабт дорад”.

“Талаботи нави қонунгузории ин кишвар низ боиси ихроҷи на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад”, – гуфт ӯ.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зикр кард, ки дар шаш моҳи ахир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор нагирифтаанд ва дар соли 2023 4-5 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

“Аммо корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон идома доранд. Мо бо муҳоҷирон дар мавриди ихроҷ ва дигар мушкилот гуфтугӯҳо анҷом медиҳем ва ҳамчунин дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем”, – гуфт Омбудсмен.

Дар ҳамин ҳол, Умед Бобозода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба муроҷиат ба мақомоти Русия дар робита ба муносибати бераҳмона бо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Маскав гуфт, “дар ин бора муроҷиати хаттӣ накардаем”.

“Баъд аз нашри хабар дар бораи шиканҷа, ман шахсан бо Омбудсмени Русия оид ба ин масъала тамос гирифтам ва баъдан ӯ дар ВАО изҳор дошт, ки гумонбаршудагон набояд шиканҷа шаванд”, – зикр кард Бобозода.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки “дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” аз худи гумонбарон ва наздикони онҳо шикояти расмӣ ворид нашудааст.

Бояд гуфт, ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март рух дод, ки бар асари он 146 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ДОИШ-и Хуросон бар ӯҳда гирифт.

Дарҳол пас аз ҳамлаи террористӣ дар расонаҳо дар бораи таъқиби муҳоҷирон аз Тоҷикистон маълумот пайдо шуд. Дар шаҳрҳои гуногун дар ҷойи истиқомат ва кори муҳоҷирон рейдҳо баргузор гардид. Дар баъзе мавридҳо муҳоҷирон дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуданд.

Чанд моҳи охир бошад, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Маскав ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд: онҳоро чанд рӯз дар фурудгоҳҳо нигоҳ дошта, сипас бидуни тавзеҳот ба ватанашон мефиристанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио