Андози гарон, пармаҳои калон ва кафолати кор. Саридораи геология сабаби гаронии хидматрасониашонро гуфт

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби гаронии ҳадамоти хеш, аз ҷумла кандани чоҳро ба андозбандии гарон, истифодаи пармаҳои калон ҳангоми чоҳканӣ ва кафолати кори хуб рабт дод.

Исомиддин Холзода, муовини сардори  Саридораи геология имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омилҳои зикршуда сабаби гарон шудани хадамоти онҳо шудааст.

“Ширкатҳои дигаре, ки ба кандани чоҳ машғуланд, бидуни кафолат ва омӯзиши пешакӣ фаоълият мекунанд. Ҳамчунин, онҳо аз пармаҳои хурд истифода мебаранд ва андоз барои фаъолияти онҳо камтар аст”, – иброз дошт Исомиддин Холзода.

Айни ҳол, ба гуфтаи Холзода, барои кандани 1 метр чоҳ Саридораи геология 1800 сомонӣ меситонад. Аммо боз ҳам нархи хадамот аз макону андозаи чоҳи кандашаванда, сифат ва андозбандӣ вобаста аст.

Ин дар ҳоле, ки ширкатҳои хусусӣ барои кандани як метр чоҳ аз 600 то 1000 сомонӣ талаб мекунанд, аммо фаъолияти онҳо на ҳамеша бехатар аст.

Исомиддин Холзода мегӯяд, сифати кори чунин ширкатҳо нисбат ба корхонаи онҳо паст аст.

Ҳамчунин, Исомиддин Холзода таъкид намуд, ки новобаста ба нархгузорӣ, талабот ба хадамоти онҳо зиёд аст ва аз сабаби кам будани дастгоҳҳо онҳо на ба ҳамаи муроҷиатҳо расидагӣ карда метавонанд.

“Ҳозир мо бештар таҷҳизотамонро барои корҳои буҷетии корхона равона кардаем ва ба корҳои шартномавӣ камтар машғулем”, – мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, бинобар сабаби набудани зерсохтори мукаммал дар самти таъмин бо об дар кишвар талабот ба кандани чоҳ зиёд шудааст. Аз ин лиҳоз, сокинон ба ширкатҳои гуногун барои кандани чоҳ муроҷиат мекунанд.

Кандани чоҳ баъзан оқибатҳои нохуш ҳам доштааст. Аз ҷумла, дар баъзе ҳолатҳо боиси марги инсонҳо низ гаштааст.

Масалан, чанд рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду нафар ҳангоми кандани чоҳ дар ноҳияи Зафаробод хабар дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...