“Ҷарима шуду аз вазифа барканор гардид”. Раиси Исфара қаллобии корманди дастгоҳашро шарҳ дод

Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, ки чанде пештар Оҷонсии зиддифасод барои қаллобӣ муттаҳам карда буд, пас аз ҷарима аз ҷониби додгоҳ, аз вазифа барканор шудааст. Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 22‑юми июл, зимни нишасти матбуотӣ, ин кирдори зердасташро шарҳ дода, гуфт, Искандар Шафеиён аз вазифа барканор […]

Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, ки чанде пештар Оҷонсии зиддифасод барои қаллобӣ муттаҳам карда буд, пас аз ҷарима аз ҷониби додгоҳ, аз вазифа барканор шудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 22‑юми июл, зимни нишасти матбуотӣ, ин кирдори зердасташро шарҳ дода, гуфт, Искандар Шафеиён аз вазифа барканор шуд.

“Кораш то суд  рафт, суд ҷазои худро татбиқ кард, яъне ҷарима таъин кард ва Шафеиён аз вазифа озод карда шуд”, ‑ зикр кард шаҳрдори Исфара.

Аммо Баҳоваддин Баҳодурзода дақиқ нагуфт, ки қарори додгоҳ кай содир шудаву татбиқ гаштааст. Ҳамчунин, Шафеиён чанд сомонӣ ҷарима шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар хусуси қаллобии Искандар Шафеиён 29-уми апрели соли ҷорӣ Оҷонсии зиддифасоди кишвар иттилоъ дода буд.

Он замон ин ниҳод навишт, ки Шафеиён моҳи майи соли 2021 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона аз чанд шаҳрванд, дар умум 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гуфта шудааст, ки номбурда маблағро барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода бурда, хостаҳои ҷабрдидаҳоро иҷро накардааст.

Нисбати Искандар Шафеиён  барои қаллобӣ бо  моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда  буд. Ин банди қонунгузорӣ аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазору 220 то 15 ҳазору 330 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ҷазо пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.