Андози гарон, пармаҳои калон ва кафолати кор. Саридораи геология сабаби гаронии хидматрасониашонро гуфт

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби гаронии ҳадамоти хеш, аз ҷумла кандани чоҳро ба андозбандии гарон, истифодаи пармаҳои калон ҳангоми чоҳканӣ ва кафолати кори хуб рабт дод. Исомиддин Холзода, муовини сардори  Саридораи геология имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омилҳои зикршуда сабаби гарон шудани хадамоти онҳо шудааст. “Ширкатҳои дигаре, ки ба кандани чоҳ […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби гаронии ҳадамоти хеш, аз ҷумла кандани чоҳро ба андозбандии гарон, истифодаи пармаҳои калон ҳангоми чоҳканӣ ва кафолати кори хуб рабт дод.

Исомиддин Холзода, муовини сардори  Саридораи геология имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омилҳои зикршуда сабаби гарон шудани хадамоти онҳо шудааст.

“Ширкатҳои дигаре, ки ба кандани чоҳ машғуланд, бидуни кафолат ва омӯзиши пешакӣ фаоълият мекунанд. Ҳамчунин, онҳо аз пармаҳои хурд истифода мебаранд ва андоз барои фаъолияти онҳо камтар аст”, – иброз дошт Исомиддин Холзода.

Айни ҳол, ба гуфтаи Холзода, барои кандани 1 метр чоҳ Саридораи геология 1800 сомонӣ меситонад. Аммо боз ҳам нархи хадамот аз макону андозаи чоҳи кандашаванда, сифат ва андозбандӣ вобаста аст.

Ин дар ҳоле, ки ширкатҳои хусусӣ барои кандани як метр чоҳ аз 600 то 1000 сомонӣ талаб мекунанд, аммо фаъолияти онҳо на ҳамеша бехатар аст.

Исомиддин Холзода мегӯяд, сифати кори чунин ширкатҳо нисбат ба корхонаи онҳо паст аст.

Ҳамчунин, Исомиддин Холзода таъкид намуд, ки новобаста ба нархгузорӣ, талабот ба хадамоти онҳо зиёд аст ва аз сабаби кам будани дастгоҳҳо онҳо на ба ҳамаи муроҷиатҳо расидагӣ карда метавонанд.

“Ҳозир мо бештар таҷҳизотамонро барои корҳои буҷетии корхона равона кардаем ва ба корҳои шартномавӣ камтар машғулем”, – мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, бинобар сабаби набудани зерсохтори мукаммал дар самти таъмин бо об дар кишвар талабот ба кандани чоҳ зиёд шудааст. Аз ин лиҳоз, сокинон ба ширкатҳои гуногун барои кандани чоҳ муроҷиат мекунанд.

Кандани чоҳ баъзан оқибатҳои нохуш ҳам доштааст. Аз ҷумла, дар баъзе ҳолатҳо боиси марги инсонҳо низ гаштааст.

Масалан, чанд рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду нафар ҳангоми кандани чоҳ дар ноҳияи Зафаробод хабар дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.