Анҷоми сохтмони роҳ аз Қалъаи Хумб то сарҳади Рӯшон аввали соли 2025 дар назар аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, имрӯз, 24 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон бояд аввали соли 2025 ба охир расад.

“Супориш шуда буд, ки сохтмони ин қитъа то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад. Аммо дар робита бо зарурати сохтмони ду нақб ва панҷ долони зиддитарма (галерея) бо сифати хуб, сохтмон метавонад ба муҳлати якчанд моҳ ба дарозо кашад. Аввали соли оянда муҳлати эҳтимолии анҷоми сохтмон аст”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли нақбҳо масофаи умумии роҳ 16 км кӯтоҳтар мешавад.

“Дарозии нақбҳо 1,8 ва 3,4 км буда, муҳим он аст, ки корҳо хушсифат ба иҷро расанд, аз ин рӯ анҷоми лоиҳа вақти иловагиро талаб мекунад”, – иброз дошт Азим Иброҳим.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки корҳо дар ин қитъаи роҳ босуръат (ба таври интенсивӣ) ҷараён доранд.

Барои роҳ то Хоруғ маблағ лозим аст.

Вазир ҳамчунин дар бораи сохтмони роҳ аз Рӯшон (дақиқтараш то сарҳади ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб) изҳори назар кард.

Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ корҳои лоиҳакашӣ ва таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи қитъаи роҳ пурра ба анҷом расидаанд.

“Айни замон мо манбаъҳои маблағгузорӣ ҷустуҷӯ дорем ва оид ба ин масъала дар якчанд самтҳо, аз ҷумла бо шарикон аз Чин кор бурда истодаем”, – изҳор дошт Азим Иброҳим.

Вазир дар ҳамин ҳол, таъкид дошт, ки ҳаҷми маблағгузорӣ назаррас аст.

“Вобаста ба сармоягузорӣ тариқи грант ё қарз гирфтан, маблағ метавонад гуногун бошад. Агар ба 1 километр харҷи 1 млн долларро дар назар дошта бошем, маблағ ҳудуди 235 млн долларро ташкил хоҳад дод. Агар харҷ ба 1 км 1,5 млн долларро ташкил диҳад, мутаносибан маблағ боз зиёдтар мешавад. Вазорати нақлиёт ҷиҳати ҷалби маблағгузории зарурӣ фаъолона талош варзида, ба анҷоми муваффақонаи лоиҳаҳо умедворанд, ки зерсохтори нақлиётии минтақаро ба таври назаррас беҳтар мекунад”, – иброз дошт вазир.

Тавре ки қаблан зикр гардида буд, амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, соли 2024 барои иншооти калидии сохтмон дар соҳаи нақлиёт аз буҷети давлатӣ 33,5 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

Ин маблағ барои кор дар 25 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар 13 иншоот ба маблағи 18,9 млн сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд, ки 94% аз корҳои дар ҳамин давра пешбинишударо ташкил медиҳанд. Боз дар 12 иншооти пешбинишуда озмун дар мавриди интихоби паймонкор идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...