Роҳи мошингарди Душанбе – Қулма қисмате аз долони байнмиминтақавии мултимодалӣ мешавад

Амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Калаихумб-Ванҷ-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон” бо дарозии 92 км ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии “Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия мусоидат мекунад. Дар ин бора вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии  Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Калаихумб-Ванҷ-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон” бо дарозии 92 км ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии “Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия мусоидат мекунад.

Дар ин бора вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии  Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" (ТУТЭТ) + Чин изҳори назар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вазир, яке аз масъалаҳои муҳими рушди ин долон рақамисозии ҳуҷҷатҳо ё худ расмиёти транзитӣ мебошад.

"Истифодаи долон аз ҷиҳати кам кардани масофа ва  коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст", – таъкид дошт ӯ.

Азим Иброҳим зикр кард, ки долони мазкур қаламрави Тоҷикистонро бо Чин тавассути роҳи автомобилгард пайваст мекунад, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар хабар иттилоъ долда мешавад, ки дар кори машварат намояндагони ҳамаи кишварҳои иштирокчии ТУТЭТ + Чин иштирок карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда кардани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ карда шуданд.

Гурӯҳи корӣ оид ба долони мултимодалии ТУТЭТ мувофиқи тавсияҳои “Эъломия Анқара”, ки 2 феврали соли 2022 дар машварати 11-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ қабул шудааст, таъсис дода шудааст.

Роҳи автомобилгарди “Калаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон

Масофаи қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон айни замон 109 километрро ташкил дода, аммо пас аз таъмиру навсозӣ ва асосан бунёди ду нақб то 92 километр кӯтоҳ кардани он ба нақша гирифта шудааст.

Амалисозии лоиҳа тирамоҳи соли гузашта оғз гардид. Ба корҳои таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст. Барои анҷоми корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъа ҳукумати Чин ба маблағи 230 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Дар ин лоиҳа бунёди роҳи духатаи категорияи сеюми техникӣ, сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км, долонҳои нақлиётӣ (галереяҳо) бо масофаи умумиии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва  ва дигар иншооти муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ охири соли 2024 ба итмом расанд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон оид ба ҷалби маблағгузорӣ барои таъмиру навсозӣ ва сохтмони қитъаҳои боқимонда (масофаи умумӣ 296 км)-и роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма (масфаааш 1008 км) корҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.