Миёни фавтидагони неруҳои посдори сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ зодаи Тоҷикистон ҳам ҳаст

Ҷасади полковники Ҳавзаи марказии ҳарбӣ Тағоймурод Қараевро, ки дар гурӯҳи неруҳои посдори сулҳи Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд, дар Тоҷикистон ба хок месупоранд. Дар ин бора ба URA.RU дӯсти ҳамхизмати полковники фавтида хабар додааст. “Ҷасади Қараев дар ватанаш ба хок супурда мешавад. Пеш аз ин ҷасадро ба Екатеринбург меоранд, то ки ҳамхизматон ва сокинони […]

Asia-Plus

Ҷасади полковники Ҳавзаи марказии ҳарбӣ Тағоймурод Қараевро, ки дар гурӯҳи неруҳои посдори сулҳи Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд, дар Тоҷикистон ба хок месупоранд. Дар ин бора ба URA.RU дӯсти ҳамхизмати полковники фавтида хабар додааст.

“Ҷасади Қараев дар ватанаш ба хок супурда мешавад. Пеш аз ин ҷасадро ба Екатеринбург меоранд, то ки ҳамхизматон ва сокинони шаҳр бо ӯ видоъ карда тавонанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Тағоймурод Қараев зодаи Тоҷикистон буда, дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия адои хидмат мекард. Ин пойгоҳ ба ҳайати Ҳавзаи марказии ҳарбӣ шомил аст.

Солҳои ахир полковник дар вилояти Свердловск ба ҳайси муовини командир оид ба кори тарбиявӣ дар бригадаи ҷудогонаи 29-уми ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ хидмат мекард.

«Ӯ марди меҳрубон, ростқавл, боодоб, як марди низомӣ буд. Софдилона хидмат карда, ба дӯстон беғараз кумак мекард. Ӯ барои сарбозон мисли падар буд”, –  гуфтааст як ҳамхидматаш ба хабаргузорӣ.

«Бо ин гуна командир ҳоло вонахӯрда будам. Шикамро серу суҳбат ва кумак мекард. Бисёр вақт гузаштҳо мекард. Одами дилсӯз буд”, — изҳор доштааст дар бораи ӯ сарбози дигар.

Полковник Тағоймурод Қараев рӯзи 20 сентябр ҳангоми шиддат гирифтани вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд. Он вақт як гурӯҳи нерӯҳои посдори сулҳи Русия мавриди оташ қарор гирифт. Дар робита ба марги сарбозони Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.