Дар Тоҷикистон “Мураббии соли-2023” муайян гардид

Шукрона Мадиева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” ғолиб омад ва унвони “Мураббии сол”-ро соҳиб шуд. Бино бар маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” аз 21 то 23-юми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он 5 […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Шукрона Мадиева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” ғолиб омад ва унвони “Мураббии сол”-ро соҳиб шуд.

Бино бар маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” аз 21 то 23-юми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он 5 нафар мураббияҳо аз тамоми кишвар иштирок доштанд.

1. Алимзода Мастура Бозорбой – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;

2. Бобоҷонова Марҳабо – мураббияи кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;

3. Ғафурова Фариза Наҷмиддиновна – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор;

4. Мадиева Шукрона Муродовна – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

5. Оҷибангиева Саврина Касировна – мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Ҳангоми интихоби ғолиб, дониш, маҳорати касбӣ, қобилияти ташкилии онҳо ба инобат гирифта шуд.

Ҳамин тавр, бо хулосаи ҳакамони озмун, Шукрона Мадиева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғолиби озмун эълон карда шуд.

Ҳамакнун, маросими расмии ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30-юми сентябр, зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор, баргузор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми мураббӣ, сатҳу сифати таълиму тарбияи томактабӣ ва нақши мураббиён дар рушди ҷомеаи имрӯза мебошад.

Соли гузашта, дар ин озмун Озодамоҳ Қодирова, аз вилояти Хатлон ғолиб гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио