Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”

Ду сол пеш лоиҳа доир ба ҷорӣ намудани истифодаи гаджетҳо дар ҷараёни таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон ҳам дар сатҳи Вазорати маориф ва ҳам миёни ҷомеа фаъолон баррасӣ мешуд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳатто тамоми дастури таълимӣ (версияи электронӣ) дар сомонаи […]

Милана Ена, Asia-Plus

Ду сол пеш лоиҳа доир ба ҷорӣ намудани истифодаи гаджетҳо дар ҷараёни таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон ҳам дар сатҳи Вазорати маориф ва ҳам миёни ҷомеа фаъолон баррасӣ мешуд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳатто тамоми дастури таълимӣ (версияи электронӣ) дар сомонаи вазорат ҷойгир шуда буд.

“Лекин лоиҳа бинобар сабаби норозигии волидон амалӣ нашуд, зеро ба ақидаи онҳо, планшет таваҷҷуҳи кӯдаконро аз ҷараёни таълим дур мекунад. Аксарият бар ин назаранд, ки хонандагон ба ҷойи дарсхонӣ ба бозӣ машғул мешаванд”, – шарҳ дод Саидзода.

Дар ҳамин ҳол, вазир илова намуд, ки ин масъала ҳоло ҳам алношуда боқӣ монда, минбаъд низ баррасӣ мешавад.

“Дарвоқеъ ҳам, имрӯз технологияҳои нав босуръат дар ҳоли рушданд ва мо ҳам намехоҳем, ки қафо монем, мехоҳем, ки ҳамқадами замона бошем, аз ин рӯ оянда низ ин ташаббусро баррасӣ хоҳем кард”,- зикр кард Саидзода.

Ёдрас мекунем, ки 1 августи соли 2023 Раҳим Саидзода изҳор дошта буд, ки вазорат лоиҳаи наве таҳия мекунад, ки пас аз қабули он ба истифодаи планшет ва дигар воситаҳои техникӣ дар мактабҳо иҷоза дода мешавад.

Он замон ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф” пешбинӣ шуда буд, ки ба толибилмон ҷиҳати истифодаи фаъоли дастгоҳҳои техникӣ дар ҷараёни таълим имкон медод. Зикр шуда буд, ки ин қарор бо таҷрибаи кишварҳои рушдёфта асоснок карда мешавад.

Аммо моҳи январи соли ҷорӣ вазир дар мусоҳиба ба рӯзномаи “Омӯзгор” зикр кард, ки “масъалаи истифодаи планшет ва телефонҳои мобилӣ танҳо ба хотири беҳбуди таълим ва на бештар аз он” баррасӣ шуда буд.

“Бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобаста ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад”, – шарҳ дода буд Саидзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.