Қариб 30 адабиёти динӣ аз ташхис нагузаштааст. Кумитаи дин минбаъд телефонҳоро ҳам аз санҷиш мегузаронад

Кумитаи дин, тазими анъана ва ҷашну маросим аз ин пас телефонҳои мобилиро ҳам аз ташхиси диншиносӣ мегузаронад ва дар шашмоҳаи аввали соли равон 22 адад телефони мобилӣ бо дархости мақомот санҷида шуда, нисбати онҳо хулоса пешниҳод шудааст. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, тазими анъана ва ҷашну маросим имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи дин, тазими анъана ва ҷашну маросим аз ин пас телефонҳои мобилиро ҳам аз ташхиси диншиносӣ мегузаронад ва дар шашмоҳаи аввали соли равон 22 адад телефони мобилӣ бо дархости мақомот санҷида шуда, нисбати онҳо хулоса пешниҳод шудааст. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, тазими анъана ва ҷашну маросим имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба Кумита 343 дархост ворид шудааст, ки ба онҳо хулосаи диншиносӣ дода шавад. Дар асоси дархост ин миқдор мавод аз санҷиш гузаронида шудаанд:

– 665 адабиёти динӣ,

– 13 ҳазору 570 варақа,

– 189 ҳазору 178 саҳифа,

– 163 адад фита,

– 22 адад телефони мобилӣ,

– 5 ҳазору 454 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ.

“Аз ин теъдод ба 184 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 159 дархост хулосаи мусбат дода шуд”, – гуфт Давлатзода.

Ба гуфтаи раиси ин Кумита, ба 638 адабиёти динӣ (503 чопӣ ва 135 электронӣ), 13 ҳазору 61 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 69 адад фита, 8 адад телефони мобилӣ хулосаи мусбат дода шудааст.

Аммо ба 27 адабиёти динӣ (22 чопӣ ва 5 электронӣ), 509 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, баъзе аз сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 94 фитта ва 14 телефони мобилӣ хулосаи манфӣ баровардаанд.

Сулаймон Давлатзода ба суоли рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар мавриди телефонҳои мобилӣ гуфт, ки маводҳои аудиоӣ, видеоӣ ва китобҳои дохили телефонҳои мобилӣ аз санҷиши диншиносӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин, бо дархости мақомот саҳифаҳои алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Фейсбуку Инстаграм низ аз ташхиси диншиносӣ гузаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки ташхиси диншиносии телефонҳои мобилӣ ва ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ таҷрибаи нав аст.

Дар умум, ташхиси диниро масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшимносӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон мегузаронанд.

Ташхиси диншиносӣ дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавии зерин гузаронида мешавад:

– аз нигоҳи илмӣ таъйин намудани асосҳои сиёсати давлатии муносибат ба дин;

– омӯзиш ва таҳлили равандҳои номатлуби сиёсӣ – иҷтимоии дар заминаи андешаҳои динӣ тавлидшаванда;

– шиносоӣ ва ташхиси илмию диншиносии маводи ба табъ расида;

– истифода ва баҳрабардорӣ аз методологияи навини илмӣ – диншиносӣ;

– муайян намудани самти илмии исломшиносӣ дар Тоҷикистон;

– баррасии мушкилоти тавсеаи мафкураи динӣ дар кишвар;

– таҳқиқи маърифати динӣ аз дидгоҳи давлатдории миллӣ;

– таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ.

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.