Автобусу троллейбусҳо уҳдадоранд, ки кондитсионерро ба кор дароранд

Дар Тоҷикистон замони гармои шадид, ки аллакай як ҳафта зиёдтар беш аз 40 дараҷа гарм аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ арзу шикояти сокинони шаҳри Душанбе дар бораи кор накардани кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд мешавад. Корбарон менависанд, ки вақте ба ронандагон муроҷиат мекунанд, онҳо бо ишораи сарфаи сӯзишворӣ хоҳиши онҳоро нодида мегиранд ё аксар вақт мегӯянд, […]

Милана Ена, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон замони гармои шадид, ки аллакай як ҳафта зиёдтар беш аз 40 дараҷа гарм аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ арзу шикояти сокинони шаҳри Душанбе дар бораи кор накардани кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд мешавад.

Корбарон менависанд, ки вақте ба ронандагон муроҷиат мекунанд, онҳо бо ишораи сарфаи сӯзишворӣ хоҳиши онҳоро нодида мегиранд ё аксар вақт мегӯянд, ки “агар нафорад, фаро ва бо таксӣ рав”.

Дар ҳамин ҳол, аз навиштаҳои корбарон бармеояд, ки дар хатсайри автобусҳои №18 ва №8 чунин ҳолат ба мушоҳида расида, дар хатсайрҳои кӯчаву хиёбонҳои марказӣ (автобусҳои №3 ва троллейбуси №1) вазъият беҳтар аст.

Гуфта мешавад, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ронандагони таксӣ низ кондитсионерҳояшонро ба кор намедароранд.

Дар ин ҳолатҳо чӣ метавон кард?

Аз рӯи меъёр ҳамаи автобусу троллейбусҳое, ки кондитсионер доранд, бояд дар ҳолатҳои зарурӣ онро ба кор дароранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд.

Дар ин корхона зикр карданд, ки ҳамасола аз 1 июн ба нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз захираҳои шаҳрдорӣ барои истифодаи кондитсионерҳо сӯзишвории иловагӣ дода мешавад. Аз ин рӯ, изҳор доштанд дар корхона, шаҳрвандон метавонанд ба кор дароврадани кондитсионерҳоро талаб кунанд.

“Ҳамаи нақлиёти мусофирбар доимо аз санҷиши техникӣ гузашта, ҳамаи автобусу тролеейбусҳо бо кондитсионерҳои коршоям муҷаҳҳазанд. Албатта, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар роҳ онҳо аз кор мебароянд. Дар ин ҳолатҳо барои мунтазам равуо доштани нақлиёти ҷамъиятӣ, он аз хатсайр гирифта нашуда, таъмир дар рӯзи дигар гузаронида мешавад”, – таъкид дошт манбаъ.

Зикр шуд, ки дар корхона аз ҳолатҳои баъзан аз ҷониби ронандагон рад шудани ба кор даровардани кондитсионерҳо огаҳӣ доранд.

“Барои расидагӣ ба чунин ҳолатҳо гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки рейдҳо гузаронида, нисбати чунин ронандагон чораҷӯӣ мекунад”, – изҳор доштанд дар корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ҳамчунин дар корхона гуфтанд, дар чунин ҳолатҳои аз ҷониби ронандагон рад шудани хоҳиши мусофирон ё содир гардидани дигар қонуншиканиҳо, шаҳрвандон шабонарӯзӣ метавонанд ба телефони +992 93 999 85 10 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.