Беш аз 400 падари аз фарзанд қарздор ҷустуҷӯ мешаванд

Беш аз 400 падар барои напардохтани алименти фарзандон дар кофтуков қарор дорад ва нисбати 128 қарздори дигар бинобар саркашӣ намудан аз пардохти алимент дар асоси моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби додситонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зери […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Беш аз 400 падар барои напардохтани алименти фарзандон дар кофтуков қарор дорад ва нисбати 128 қарздори дигар бинобар саркашӣ намудан аз пардохти алимент дар асоси моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби додситонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зери роҳбариаш дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 22 ҳазор арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ кардааст.

“Нисбат ба 418 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон гардида, барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар ирсол шудааст”, – гуфт сардори Хадамоти иҷро.

Дар ин муддат бо чораҳои маҷбурӣ аз 16 ҳазору 339 ҳуҷҷатҳои иҷро маблағҳои зер рӯёнида шудааст:

* 58 млн сомонӣ;

* 612 ҳазор доллар;

* 50 ҳазор евро ;

* 178 млн тангаи Қазоқистон;

Ба гуфтаи Саидвализода, дар ин муддат ба манфиати давлат 20 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 616 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба маблағи умумии 32,6 миллион сомонӣ, 606 ҳазор доллар, 178 миллион тангаи Қазоқистон ва 50 ҳазор евро рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7 млн сомонӣ ва 538 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Ба манфиати шахсони воқеӣ бошад, дар ин муддат 121 санади иҷро ба маблағи 4 миллиону 313 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор доллар ситонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мушкили саркашӣ аз пардохти алимент нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои охир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.