Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ аз Давлат Болтаев ва мардуми Тоҷикистон узр пурсид

Asia-Plus

Роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ дар Париж Тони Эстанге ба унвони президенти Тоҷикистон нома ирсол намуда, дар он барои хатогӣ дар маросими ҷоизасупорӣ ба муштзанон дар вазни то 92 кг узрхоҳӣ кард.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҷойи парчами Тоҷикистон парчами Таиланд боло бардошта шуд.

“Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 самимона аз ҷаноби Болтаев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва халқи Тоҷикистон маъзарат мехоҳад. Мо комилан мефаҳмем, ки ба хатогӣ роҳ дода шуд ва амиқан аз ин изҳори таассуф мекунем”, – омадааст дар хабари сомонаи Кумитаи тадорукот.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11 август дар варзишгоҳи “Стад де Франс” маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ баргузор шуд. Дар ин маросим президенти Фаронса Эмммануэл Макрон, президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах ва роҳбари УЭФА Ҷанни Инфантино ҳузур доштанд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.

Пас аз шоуи пуршукӯҳ, ки дар он овозхонҳои маъруф Билли Айлиш, гурӯҳи роки амрикоии Red Hot Chili Peppers, рэпсаро Снуп Догг ва ҳунарманд (актёр) Том Круз) ширкат варзиданд, шаҳрдори Париж Анна Идалго парчами олимпиро ба шаҳрдори Лос-Анҷелес Карен Басс супурд. Бозиҳои олимпии тобистона соли 2028 дар ҳамин шаҳр баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар ҳисоби умумидаставӣ тибқи медалҳои дарёфтшуда зинаи аввалро ИМА- 40 медали тилло, 44 нуқра ва 42 биринҷӣ ишғол кард. Дар панҷгонаи пешсафон Чин (40, 27, 24), Ҷопон (20, 12, 13), Австралия (18, 19, 16) ва Фаронса (16, 25, 22) қарор доранд.

Миёни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар сафи пеш қарор дошта, намояндагони ин кишвар 13 медал – 8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар идома Қазоқистон – 1 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ, Қирғизистон – 1 тилло ва 3 нуқра ва Тоҷикистон – 3 биринҷӣ қарор доранд. Туркманистон аз медалҳои олимпӣ бенасиб монд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж 14 варзишгар намояндагӣ карданд. Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи варзиши ҷудо ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...