Медали сеюми олимпии Тоҷикистонро Давлат Болтаев ба даст овард

Дар Бозиҳои олимпии Париж муштзани тоҷик Давлат Болтаеви 25-сола ба дарёфти медали сеюми олимпӣ барои дастаи Тоҷикистон шарафёб гардид. Дар рақобати нимфиналӣ – аз намояндаи Ӯзбекистон – Лазизбек Муллоҷонов бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Дар рақобати аввал Болтаев Болтаев бар варзишгари Гурҷистон Георгий Кушиташвилии 28-сола бо ҳисоби 3:2, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷек Марлии 21-сола […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Бозиҳои олимпии Париж муштзани тоҷик Давлат Болтаеви 25-сола ба дарёфти медали сеюми олимпӣ барои дастаи Тоҷикистон шарафёб гардид. Дар рақобати нимфиналӣ – аз намояндаи Ӯзбекистон – Лазизбек Муллоҷонов бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дар рақобати аввал Болтаев Болтаев бар варзишгари Гурҷистон Георгий Кушиташвилии 28-сола бо ҳисоби 3:2, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷек Марлии 21-сола аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд.

Давлат Болтаев бори нахуст ба медали олимпӣ соҳиб шуд. Соли 2022 ӯ унвони қаҳрамони Осиё оид ба бокс байни ҷавононро ба даст оварда буд. Моҳи майи соли 2023 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ӯ то даври чаҳорякниҳорӣ роҳ ёфта, моҳи октябри ҳамин сол дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Чин дар вазни 92 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Бо гузашти 12 сол Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ дастоварди Мавзуна Чориеваро, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 медали биринҷӣ гирифта буд, такрор кард.

Ба ин тариқ, аз 14 варзишгари Тоҷикистон 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев аз Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар Париж бо медалҳои биринҷӣ бармегарданд.

Пеш аз Давлат Болтаев ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (82 кг) ва Темур Раҳмимов (зиёда аз 100 кг) ба дарёфти медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Париж шараёфб гардида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.