Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Бразилия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Бразилия ба президенти ин кишвар Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. “Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон. – Дар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Бразилия ба президенти ин кишвар Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

– Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Бразилия таъзияву таслияти амиқи инҷонибро иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед”.

Ҳавопаймои ATR-72 (PS-VPB), ки аз Каскавела (иёлати Парана) ба фурудгоҳи байнулмилалии Гуарулюс (иёлати Сан-Паулу) парвоз анҷом медод, рӯзи 9 август ба садама дучор шуда, дар натиҷа ҳамаи 62 нафар мусофирон ва ҳайати сарнишинон ҳалок шуданд.

Дар ВКХ Бразилия хабар додаанд, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Бразилия ва яке аз онҳо шаҳрвандии Португалияро ҳам доштааст. Садама дар Винеду, тақрибан 70 километрии шимолу ғарби Сан-Пулу рух додааст. Ҳавопаймо дар мавзеи маҳаллаи аҳолинишин ба замин афтода, лекин касе аз сокинони ин мавзеъ осеб надидааст. Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор дар Бразилия мотами серӯза эълон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.