“Ман ҳоло дарк накардаам”. Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои олимпӣ

Гӯштингири маъруфи тоҷик (навъи ҷудо) Сомон Маҳмадбеков рӯзи 30 июл бо пирӯзӣ бар варзишгари итолиёвӣ Антонио Эспозито дар вазни то 81 кг ба медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж соҳиб шуд. Ин аввалин медали гӯштингирони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ тайи 16 соли охир аст. Бори охир дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар вазни то 73 кг медали […]

Asia-Plus

Гӯштингири маъруфи тоҷик (навъи ҷудо) Сомон Маҳмадбеков рӯзи 30 июл бо пирӯзӣ бар варзишгари итолиёвӣ Антонио Эспозито дар вазни то 81 кг ба медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж соҳиб шуд.

Ин аввалин медали гӯштингирони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ тайи 16 соли охир аст. Бори охир дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар варзишгар аз Фаластин, сипас бар намояндаи Нидерланд дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Лекин дар ин давр аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвили аз Гурҷистон шикаст хӯрд.

Дар даври тасаллобахш ӯ гӯштингири ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро мағлуб карда, дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар намояндаи Италия Антонио Эспозито дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 14 намояндаи Тоҷикистон 4 варзишгар рақобатҳои худро дар Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расониданд. Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон танҳо ба як медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Сомон Маҳмадбеков тӯли ҳунарнамоии худ ба медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2024 соҳиб шуда, соли 2023 ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиё шарафёб гардида буд.

Пас аз мусобиқа ҷудокори тоҷик аз таассуроти худ чунин изҳори назар кард:

“Эҳсосот? Ҳоло дарк накардаам. Хушбахтам, ки ин медалро соҳиб шудам. Тӯли тамоми фаъолияти худ, тамоми умр ба ин самт ҳаракат мекардам. Имсол бароям пурсамар омад – медалҳо аз чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ.

Зинаи баландтарро ҳам ишғол кардан имкон дошт. Вақте рақобати чаҳорякниҳоиро ба намояндаи Гурҷистон Григалашивли бохтам, мураббиям хеле норозӣ буд. Мо маҳз ба ӯ омодагӣ гирифта будем. Хаста шуда, ба хатогӣ роҳ додам ва рақобатро бохтам. Бо айби худам”, – гуфт варзишгар.

Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки мехоҳад каме аз ҷудо истироҳат кунад – “муддати ду моҳ ва боз ба машқҳо бармегардад”.

Ҳамчунин дар ин рӯз бонуи муштзан аз Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар даври 1/16 финалӣ дар вазни 67 кг ба муқобили намояндаи ИМА Алисса Медос қувваозмоӣ карда, рақобатро бо ҳисоби 2:3 бохт ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Ба ин тариқ, аз 3 муштзани тоҷик 2 нафарашон Олимпиадаро тарк мекунанд. Танҳо Давлат Болтаев (92 кг) боқӣ монд, ки рӯзи 1 август дар даври 1/8 финалӣ бо намояндаи Ирландия Ҷек Марли ба майдон мебарояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.