Ҷасади як шахси гумшуда аз дарёи Зарафшон ёфт шуд

Asia-Plus

Ҷасади Мусулмон Мусулмонови 37-сола, сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ рӯзи 11-уми август дар минтақаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, дар дарёи Зарафшон ёфт шудааст. Ӯ аз 8-уми август бедарак буд. Дар ин бора бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Манбаъ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст, ки  гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор дар ноҳияи Айнӣ супориданд.

“Баъдан маълум шуд, ки марди дар об ғарқшуда шаҳрванд Мусулмонов Мусулмон Сироҷиддинович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки Мусулмонов рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ аз хона баромада, бедарак гашта буд ва “ниҳоят баъди 3 рӯз муайян шуд, ки шаҳрванд ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст”.

Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳо 86 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...