Фурӯши китобҳои динӣ. Дар Суғд шаш парванда ифтитоҳ кардаанд

Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нисбати шаш соҳибкор барои фурушӣ адабиёти динии мамнӯъ парванда ифтитоҳ шудааст. Ин бори аввал нест, ки мақомот барои фурӯши адабиёти динии мамнӯъ нафарони алоҳидаро муҷозот мекунанд. Тибқи иттилои мақомоти дахлдори кишвар, ҳар сол садҳо адабиёти динӣ мавриди ташхис қарор гирифта, чанд нафар барои ворид кардану фурӯши […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нисбати шаш соҳибкор барои фурушӣ адабиёти динии мамнӯъ парванда ифтитоҳ шудааст. Ин бори аввал нест, ки мақомот барои фурӯши адабиёти динии мамнӯъ нафарони алоҳидаро муҷозот мекунанд. Тибқи иттилои мақомоти дахлдори кишвар, ҳар сол садҳо адабиёти динӣ мавриди ташхис қарор гирифта, чанд нафар барои ворид кардану фурӯши он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Равшан Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Шӯъбаи дини вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 барои фурӯши адабиёти аз ташхис ногузашта, яъне мамнӯъ нисбати шаш сокини вилоят парванда боз шудааст. Се китобфурӯш аз ноҳияи Зафаробод, як нафарӣ аз ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан мебошанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбаташон бо моддаи 474 иловаи 1 парванда боз кардаанд.

Дар маҷмӯъ аз онҳо 47 адабиёти динии мамнӯъ мусодира шудааст.

 

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳар навъ адабиёти хусусияти динидошта бояд мавриди ташхис қарор дода шавад ва танҳо баъди он фурӯши он иҷоза аст.

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, дар Кумитаи дин шӯъбаи ташхиси адабиёти динӣ ҳаст ва ҳар муаллиф чизе навишт, ё баргардон кард ва он хусусияти динӣ дорад, онро бояд барои ташхиси давлатии диншиносӣ пешниҳод кунад.

“Танҳо баъди гирифтани хулосаи мусбати ташхис муаллиф ҳуқуқи ба нашр супурданро дорад ва чопхонаҳо низ баъди дидани хулосаи ташхиси диншиносӣ нашр мекунанд. Дар муқаддимаи китоб, дар саҳифаи аввалаш ҳаст, ки китоби мазкур аз ташхиси давлатии диншиносӣ таҳти кадом рақам ва кадом протокол гузаштааст. Китобҳои воридотӣ руйхат карда мешаванд ва ҳамин ташхисро гузашта,  баъд ба фурӯш иҷозат мешавад”, – зикр мекунад коршинос.

Харидорон низ бояд ба муқаддимаи китоб эътибор диҳанд ва баъд харидорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем фурӯш ва паҳни  адабиёти аз ташхиси давлатии диншиносӣ нагузашта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад. Инчунин, ғайр аз адабиёт, рамс (картинка), ашёҳои ороишию рӯзгор, ки навиштаҷоти динӣ доранд бояд аз ташхис гузаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.