Дар Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми августи соли 2024, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд.

Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар додааст.

Ба навишти манбаъ, дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Абай Кунанбоев Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Аида Баллаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ва чанде аз аҳли зиёӣ кишвар иштирок кардаанд.

Бояд гуфт, ки нимпайкараи ин шоири қазоқистонӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон гузошта шуд.

Абай Кунанбоев асосгузори адабиёти қазоқ соли 1845 ба дунё омада, соли 1904 вафот кардааст. Ӯ асари бо номи “Қара сӯз” (“Каломи сиёҳ”) навиштааст, ки он бо номҳои  “Ақлия”, “Пандҳо”, “Панднома”, “Андешаҳо” ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудааст. Он соли 2021 бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва, раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов ифтитоҳ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...