Дар Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд

Имрӯз, 21-уми августи соли 2024, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар додааст. Ба навишти манбаъ, дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Абай Кунанбоев Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Аида Баллаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, Низом […]

Имрӯз, 21-уми августи соли 2024, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд.

Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар додааст.

Ба навишти манбаъ, дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Абай Кунанбоев Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Аида Баллаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ва чанде аз аҳли зиёӣ кишвар иштирок кардаанд.

Бояд гуфт, ки нимпайкараи ин шоири қазоқистонӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон гузошта шуд.

Абай Кунанбоев асосгузори адабиёти қазоқ соли 1845 ба дунё омада, соли 1904 вафот кардааст. Ӯ асари бо номи “Қара сӯз” (“Каломи сиёҳ”) навиштааст, ки он бо номҳои  “Ақлия”, “Пандҳо”, “Панднома”, “Андешаҳо” ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудааст. Он соли 2021 бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва, раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов ифтитоҳ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.