Наҷоти 2 шаҳрванди Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон

Ду шаҳрванди Русия, ки чанд рӯз пеш алоқа бо онҳо гум шуда буд, наҷот дода шуданд. Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон алоқа бо кӯҳнавардон замони ба самти қуллаи Озодӣ (қаблан – қуллаи Корженевский, яке аз қуллаҳои баландиаш 7 ҳазор метри Тоҷикистон, – эзоҳи идора) гум шудааст. “Дар ин бора рӯзи 16 август ба намояндагии […]

Asia-Plus

Ду шаҳрванди Русия, ки чанд рӯз пеш алоқа бо онҳо гум шуда буд, наҷот дода шуданд. Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон алоқа бо кӯҳнавардон замони ба самти қуллаи Озодӣ (қаблан – қуллаи Корженевский, яке аз қуллаҳои баландиаш 7 ҳазор метри Тоҷикистон, – эзоҳи идора) гум шудааст.

“Дар ин бора рӯзи 16 август ба намояндагии дипломатӣ хабар расид. Барои наҷоти русиягиҳо шуъбаи консулгарии сафорат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд”, – зикр мегардад дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баргузории амалиёти наҷотдиҳӣ шаҳрвандони Русия ёфта шуда, рӯзи 19 август ба Душанбе оварда шуданд.

“Айни замон онҳо худро хуб ҳис мекунанд ва ният доранд, ки рӯзҳои наздик (имрӯз, 21 август) ба Русия баргарданд”, – гуфтанд дар сафорат.

Қуллаи Озодӣ сеюмин қуллаи баланд дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон мебошад. Соли 2020 қуллаи “Корженевский”ба  қуллаи “Озодӣ” табдили ном кард.

Қулла 7105 метр баландӣ дошта, соли 1910 аз ҷониби ҷуғрофидони маъруфи шӯравӣ Николай Корженевский бори аввал фатҳ шуд. Ӯ ба хотири ҳамсараш Евгения Корженевская қулларо “Корженевская” ном гузошта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.