Президенти Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл сафири кишварро дар Тоҷикистон иваз кард. Роҳбари нави намояндагии дипломатӣ Чон Сок Син таъин шуд. Тавре ки Агентии иттилоотии Yonhap хабар медиҳад, Юн Сок Ёл рӯзи 20 август ба дипломат эътимоднома дод, ки ба президенти Тоҷикистон супурда мешавад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 […]

Asia-Plus

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл сафири кишварро дар Тоҷикистон иваз кард. Роҳбари нави намояндагии дипломатӣ Чон Сок Син таъин шуд.

Тавре ки Агентии иттилоотии Yonhap хабар медиҳад, Юн Сок Ёл рӯзи 20 август ба дипломат эътимоднома дод, ки ба президенти Тоҷикистон супурда мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе соли 2008 ва сафорати Тоҷикистон дар Сеул – соли 2015 ифтитоҳ гардиданд.

То соли 2022 ба сафорат дар Душанбе кордори муваққатии Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Моҳи январи ҳамон сол нахустин сафири ин кишвар – Квонг Донг Сок омад, ки акнун дипломати навтаъин ӯро иваз мекунад.

Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, логистика, энергетика, навсозии соҳаи саноат, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, тандурустӣ ва ғайра лоиҳаҳо амалӣ мекунад. Аз ҷумла, Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар маблағгзории таҳияи заминаи фанниву иқтисодӣ дар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён то сарҳади Афғонистон саҳм мегузорад.

Аз моҳи апрели соли 2017 дар Сеул намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон фаъолият дорад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо зиёда аз 96 млн долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.