Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия то 55 дарсад афзоиш ёфтааст

Asia-Plus

Русия нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта имсол 55% бештар муҳоҷирони кориро аз қаламрави худ ихроҷ кардааст. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад.

Ӯ дар “Телеграм-канал”-и худ навиштааст, ки аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ ВКД Русия 176 ҳазор санҷиш дар байни муҳоҷирони корӣ барои ошкор кардани ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар гузаронидааст.

Ин масъули ВКД Русия гуфтааст, ки дар 7 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои ихроҷ нигоҳ дошта мешаванд,  28,2% афзудааст.

Ӯ гуфтааст, соли равон “тадбирҳо ҷиҳати маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки талаботи қонунгузории Русияро риоя намекунанд, пурзӯр карда шудаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки дар ин давра пулиси Русия дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар 143,1 ҳазор қарор қабул кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,1 ҳазор нафар зиёдтар мебошад.

Дар ин давра мақомоти Русия 1 ҳазору 53 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд.

Ирина Волк навиштааст, ки аз моҳи январ то июли соли 2024 баъд аз сахттар кардани назорат бар ҷараёни муҳоҷират, корфармоён дар бораи бастани қарордоди корӣ бо муҳоҷирон ба мақомот бештар хабар медиҳанд.

“Пурзӯр кардани фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудан аз мавридҳои сӯистифодаи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳуқуқи гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ, иҷозаи иқомат ва шаҳрвандӣ бо роҳи соддашуда, шумораи тақдими иҷозатномаи муваққатии зистро 44,2% ва додани ҳаққи иқоматро 18,4% кам кард”, – гуфтааст Ирина Волк.

Зимнан, Радиои Озодӣ бо такя ба Ирина Волк навиштааст, ки Русия дар 6 моҳи соли равон қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷир ва манъи вуруди қариб 150 ҳазор хориҷиро содир кардааст. Ин рақамҳо дар куҷо гирифта шудааст, маълум нест. Дар оморе, ки Ирина Волк дар саҳифааш дар “Телаграм” нашр кард, чунин омори мушаххас нест ва танҳо бо фоиз нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охир гуфт, дар ним соли 2024 барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокуси Сити Ҳол” ва боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосии ҷиноят, фаъолияти муҳоҷирон дар Русия тариқи меъёрҳои қонун сангинтар гардид.

Инро ҳатто Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии охир таъкид кард ва гуфт, “баъди ҳодисаи фоҷиавӣ дар "Крокус Сити Ҳол" дар Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ боздошт шуда буданд, тадбирҳои қонунгузорӣ сахттар истифода мешаванд”.

Баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” дар Русия эҷоди маҳдудиятҳои гуногун нисбати муҳоҷирон идома дорад. Агар пештар онҳо асосан ба масоили риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ва дарёфти шаҳрвандӣ дахл доштанд, пас ҳозир вакилон пешниҳод доранд, ки кори хориҷиён дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва бахши хидматрасонӣ манъ шавад.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ Русия беш аз 30 тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории муҳоҷират пешниҳод кардааст, ки аксари онҳо аллакай қабул гардида, аз соли дигар нисбати муҳоҷирон татбиқ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...