Аббос Ароқчӣ, вазири нави корҳои хориҷии Эрон. Ӯ кист?

Аббос Ароқчӣ, дипломат, собиқ муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва музокиракунандаи баландпоя дар гуфтугӯҳои ҳастаии Теҳрон вазири нави корҳои хориҷии Эрон таъйин шудааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд. Номзадии ӯро ба ин мақом Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон рӯзи 11-уми август пешниҳод карда буд. Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи раъйи эътимод ба вазирони пешниҳодии […]

Asia-Plus

Аббос Ароқчӣ, дипломат, собиқ муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва музокиракунандаи баландпоя дар гуфтугӯҳои ҳастаии Теҳрон вазири нави корҳои хориҷии Эрон таъйин шудааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд.

Номзадии ӯро ба ин мақом Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон рӯзи 11-уми август пешниҳод карда буд.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи раъйи эътимод ба вазирони пешниҳодии Масъуд Пизишкиён аз 288 намояндаи ҳозир дар он 247 нафар ба Ароқчӣ овоз доданд ва ӯ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Аббос Ароқчӣ, яке аз сиёсатмадарони шинохтаи Эрон аст. Ӯ қаблан низ дар вазорати корҳои хориҷии Эрон ба ҳайси муовини вазир кор карда, дар гузашта сафири Эрон дар Туркия, Ҷопон ва Финландия буд.

Ӯ 62-сола аст ва яке аз аъзоёни собиқи  Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аст.

Аббос Ароқчӣ соли 1988 ба ҳайси коршинос дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор оғоз мекунад ва тӯли даҳсолаҳо, бо вуҷуди тағйири вазирон, ӯ вазифаҳои гуногунро дар ин сохтор ба ӯҳда гирифтааст.

Аз ҷумла, ӯ муовини сафир дар Созмони ҳамкории исломӣ, раиси Маркази таҳқиқоти Халиҷи Форс дар Дафтари таҳқиқоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, раиси Идораи аввали Аврупои Ғарбӣ ва раиси Донишкадаи равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ будааст.

Арроқчӣ ду маротиба ҳамчун сафир ба вазифаҳои хориҷӣ фиристода шудааст; аввал аз соли 1999-2003 дар давлати Муҳаммад Хотамӣ ҳамчун сафири Эрон дар Финляндия ба Ҳелсинки меравад. Сипас, аз соли 2007-2011 дар давлати Маҳмуд Аҳмадинажод ба Токио фиристода мешавад ва дар он ҷо ҳамчун сафири Эрон дар Ҷопон фаъолият мекунад.

Бо поёни давлати Муҳаммад Хотамӣ ва қабул кардани масъулияти музокироти ҳастаӣ ӯ ҳамроҳ бо Саид Ҷалилӣ дар музокироти ҳастаӣ ва муовини Муҳаммадҷавод Зариф дар гуфтугӯҳои марбут ба Барҷом (Барномаи ҷомеи амал) будааст.

Пас аз ба қудрат расидани Иброҳим Раисӣ, президенти пешини Эрон, ки дар сукути ҳавопаймо ҳамроҳи вазири пешини корҳои хориҷӣ ҳалок шуд, Ароқчӣ амалан аз Вазорати корҳои хориҷӣ рафт. Бо вуҷуди ин, Камол Харрозӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, ӯро ба Шӯрои стратегӣ дар робитаҳои хориҷӣ, ки таҳти раҳбарии Алӣ Хоманаӣ мебошад, ҷалб кард ва ба ҳайси котиб таъин намуд.

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки дар солҳои охир Ароқчӣ бархӯрдҳои амалгаротар ва камтар идеологӣ дошта, ӯро метавон ба сурати як шахсияти камранг ва муҳофизакортар аз Муҳаммадҷавод Зариф донист. Аммо, бо назардошти нуфузи афзояндаи Алӣ Хоманаӣ дар дипломатия ва ниҳодҳои давлатӣ, ҳар гуна таъсири назаррас аз ҷониби Ароқчӣ ё шахси дигар дар Вазорати корҳои хориҷиро бояд бо шубҳа ва эҳтиёт баррасӣ кард.

Зимнан, имрӯз, 22-юми август Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи табрикотӣ Аббос Ароқчиро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб таҳният гуфт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки “бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ дар самтҳои гуногун густариш ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт”.

Ӯ ба Ароқчӣ дар иҷрои вазифаҳои масъулиятнокатон комёбӣ орзу кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.