Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба соҳаи варзиш чӣ қадар пул харҷ мекунанд?

Коэффитсиенти самаранокии сармоягузорӣ ба соҳаи варзиш дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро шабакаи «Дядя Ваня» (канали муаллифии рӯзноманигори қазоқ дар риштаи варзиш Иван Резвантсев) ҳисоб кардааст. Ба ин маълумот метавон хабари агентии Asia-Plus-ро дар бораи ҷудо кардани маблағ ба соҳаи варзиш дар Тоҷикистон низ илова кард. Натиҷа чунин ҳосил шуд. Қазоқистон Моҳи декабри соли 2023 вазири […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-plus

Коэффитсиенти самаранокии сармоягузорӣ ба соҳаи варзиш дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро шабакаи «Дядя Ваня» (канали муаллифии рӯзноманигори қазоқ дар риштаи варзиш Иван Резвантсев) ҳисоб кардааст.

Ба ин маълумот метавон хабари агентии Asia-Plus-ро дар бораи ҷудо кардани маблағ ба соҳаи варзиш дар Тоҷикистон низ илова кард. Натиҷа чунин ҳосил шуд.

Қазоқистон

Моҳи декабри соли 2023 вазири сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон Ермек Маржикпаев маблағҳои давлатиро, ки барои рушди ин соҳа масраф мешаванд, номбар кард. Дар мавсими гузашта барои ин ҳадафҳо дар Қазоқистон тақрибан 300 млрд танга (626,9 млн доллар) сарф шуд: 62 млрд аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 200 млрд – аз буҷетҳои маҳаллӣ ва 29,5 млрд – аз фонди Sport Qory.

Натиҷаҳои мунтахаби Қазоқистон дар Олимпиада-2024: 1 медали тилло, 3 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ.

Ӯзбекистон

Моҳи январи соли 2024 президенти кишвар Шавкат Мирзиёев фармоне имзо кард, ки мутобиқи он барои эҳтиёҷоти варзиши ҷумҳуриявӣ 2 трлн сӯм (158 млн доллар) ҷудо карда шуд.

Натиҷаҳои мунтахаби Ӯзбекистон дар Олимпиада-2024: 8 медали тилло, 2 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ.

Қирғизистон

Соли ҷорӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи варзиш аз буҷети Қирғизистон 1,9 млрд сом (22,2 млн доллар) ҷудо шудааст.

Натиҷаҳои мунтахаби Қирғизистон дар Олимпиада-2024: 2 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ.

Тоҷикистон

Аз буҷети давлатӣ барои соҳаҳои варзиш ва фарҳанг дар Тоҷикистон дар соли 2024 ба сурати умум зиёда аз 1,71 млрд сомонӣ ҷудо шудааст. Агар ин маблағ баробар ба ду соҳа тақсим шавад, пас ба варзиш зиёда аз 858 млн сомонӣ (80,4 млн доллар) рост меояд.

Натиҷаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиада-2024: 3 медали биринҷӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.