110 парванда нисбати 130 нафар. Афзоиши парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм дар Суғд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар додгоҳҳои вилояти Суғд 110 парванда вобаста ба терроризму экстремизм нисбати 130 нафар баррасӣ гардидааст.

Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ва теъдоди маҳкумшудагон 22 нафар бештар аст.

Ин ҳама парвандаҳо бо моддаҳои 307, 179, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва баррасӣ гардидааст.

“Тибқи омор, ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт Ҳафиззода.

Ҳамин тавр, дар

Хуҷанд – 40 нафар;

Исфара – 24 нафар;

Истаравшан – 23 нафар;

Паҷакент – 17 нафар;

Бобоҷон Ғафуров – 9 нафар дар робита ба терроризму экстремизм равонаи зиндон шудаанд.

Дар дигар шаҳру навоҳии вилоляти Суғд теъдоди чунин парвандаҳо камтар будааст. Аз 18 шаҳру навоҳии шимоли кишвар дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон ягон ҷинояти вобаста ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта нашудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...