110 парванда нисбати 130 нафар. Афзоиши парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм дар Суғд

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар додгоҳҳои вилояти Суғд 110 парванда вобаста ба терроризму экстремизм нисбати 130 нафар баррасӣ гардидааст. Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ва теъдоди маҳкумшудагон 22 нафар бештар аст. Ин ҳама парвандаҳо бо моддаҳои 307, 179, 187 […]

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар додгоҳҳои вилояти Суғд 110 парванда вобаста ба терроризму экстремизм нисбати 130 нафар баррасӣ гардидааст.

Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ва теъдоди маҳкумшудагон 22 нафар бештар аст.

Ин ҳама парвандаҳо бо моддаҳои 307, 179, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва баррасӣ гардидааст.

“Тибқи омор, ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт Ҳафиззода.

Ҳамин тавр, дар

Хуҷанд – 40 нафар;

Исфара – 24 нафар;

Истаравшан – 23 нафар;

Паҷакент – 17 нафар;

Бобоҷон Ғафуров – 9 нафар дар робита ба терроризму экстремизм равонаи зиндон шудаанд.

Дар дигар шаҳру навоҳии вилоляти Суғд теъдоди чунин парвандаҳо камтар будааст. Аз 18 шаҳру навоҳии шимоли кишвар дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон ягон ҷинояти вобаста ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта нашудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.